Умри дубораи "Адрасмон": корхонае, ки тавоноии истихроҷи ҳазорҳо тонна сурбу нуқраро дорад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаАдрасманский горно-обогатительный комбинат.
Адрасманский горно-обогатительный комбинат.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2026
Обуна шудан
Корҳои танзим ва ба кор даровардани таҷҳизот ба анҷом расида, истеҳсоли аввалин маҳсулоти таҷрибавӣ — консентрати сурбу нуқра оғоз гардидааст.
ДУШАНБЕ, 21 сен – Sputnik. Бузургтарин корхонаи саноати маъдантозакунии "Адрасмон" дар шаҳри Гулистон дубора оғоз ба кор кард.
Ин корхона пас аз қарори ҳукумат дар соли 2025 таҷдид ва ҳоло аз сӯи раисҷумҳури кишвар ифтитоҳ шуд.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, пас аз расидан ба иқтидори пурра беш аз 1000 нафар мутахассис бо кор таъмин хоҳанд шуд.
"Иқтидори солонаи истихроҷи маъдани сурбу нуқра 2 миллион тоннаро ташкил дода, тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, аз он истеҳсоли то 200 тонна нуқра ва 20 ҳазор тонна сурб пешбинӣ шудааст",-афзудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар муддати тақрибан якуним сол дар наздикии кон корхонаи маъдантозакунӣ пурра аз нав бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Шветсия, Финландия ва Чин муҷаҳҳаз карда шуд.
Имрӯз дар ин корхона се коргоҳи майдакунии маъдан, коргоҳи осиёб, бахши флотатсия, дастгоҳи ғафскунӣ ва матбуоти филтрии истеҳсолӣ фаъолият дошта, тамоми марҳилаҳои асосии коркарди маъдан бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудаанд.
Корҳои танзим ва ба кор даровардани таҷҳизот ба анҷом расида, истеҳсоли аввалин маҳсулоти таҷрибавӣ — консентрати сурбу нуқра оғоз гардидааст.
Барои зиёд намудани иқтидори истихроҷ нақби нақлиётии №2 ба масофаи беш аз ду километр канда шуда, бо усули пошдиҳии бетон мустаҳкам ва роҳҳои нақлиётгарди он бетонпӯш карда шуданд.
Солнечная электростанция. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2026
Дар Суғд нерӯгоҳи бузурги офтобӣ ба кор даромад: 40%-и минтақаро бо барқ таъмин мекунад
Барои кормандони комбинат шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шудааст. Қарзҳои вобаста ба музди меҳнат, андоз, неруи барқ ва дигар уҳдадориҳои ҷамъшуда, ки дар давоми 12 сол беш аз 44 миллион сомониро ташкил медоданд, марҳила ба марҳила пардохт шуда истодаанд.
Баробари ба кор даромадани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда, Корхонаи азими саноатии Адрасмон метавонад ба яке аз марказҳои муҳими истихроҷ ва коркарди маъданҳои сурбу нуқра табдил ёфта, дар рушди саноати маъдантозакунии кишвар саҳми назаррас гузорад.
Лентаи хабарҳо
0