Оғози ғанигардонии орди гандум дар Тоҷикистон

© Foto / Всемирная продовольственная программа ООНОбогащение пшеничной муки на Кулябском зерноперерабатывающем комбинате.
Обогащение пшеничной муки на Кулябском зерноперерабатывающем комбинате. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2026
Обуна шудан
Ғанигардонии орди гандум барои пешгирии норасоии микроэлементҳо ва беҳтар намудани саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Дар Корхонаи коркарди ғаллаи шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон, расман раванди ғанигардонии орди гандумро оғоз ёфт.
Дар ин бора Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) хабар дод.
Таъкид шудааст, ки раванди ғанигардонии орди гандум дар корхонаи ғаллаи шаҳри Кӯлоб, бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ), Корхонаи воҳиди давлатии "Захираи ғалла"-и назди Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Қайд карда шудааст, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 90 тонна ордро ташкил медиҳад.
© Foto / Всемирная продовольственная программа ООНОбогащение пшеничной муки на Кулябском зерноперерабатывающем комбинате.
Обогащение пшеничной муки на Кулябском зерноперерабатывающем комбинате. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2026
“Дар доираи ин иқдом таҷҳизоти махсуси ғанигардонии орд (фидерҳо) насб гардида, истифодаи премикси витаминҳо ва минералҳо ба роҳ монда шуд. Ин имкон медиҳад, ки орди ғанигардонидашудаи гандум истеҳсол шуда, барои пешгирии норасоии микроэлементҳо ва беҳтар намудани саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат намояд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки ин иқдом як қадами муҳим дар таҳкими амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани вазъи ғизои аҳолӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Манбаъ оғози ғанигардонии орди гандум қадами муҳим дар роҳи таҳкими низоми миллии озуқаворӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти асосии серғизо медонад.
25-я Российская агропромышленная выставка Золотая осень – 2023  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2026
Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон ба маротиб афзоиш ёфтааст
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон хариди ғалларо аз Қазоқистон афзоиш дод.
Ба иттилои Бюрои милли омори Қазоқистон дар се моҳи соли равон ба Тоҷикистон 13,6 ҳазор тонна ғалла содирот шудааст, ки нисбат да ҳамин давраи соли гузашта 13,3% зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0