Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ИМА аз Аврупо даъват кард, ки дар раванди сулҳи Украина фаъолтар иштирок кунад

© AP / J. Scott ApplewhiteФлаги Украины и США у здания Капитолия в Вашингтоне
Флаги Украины и США у здания Капитолия в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2026
Обуна шудан
Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки дар солҳои 2026-2027 барои эҳтиёҷоти дифоии Киев, аз ҷумла барои хариди силоҳ, 60 млрд евро ҷудо кунад
ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Иёлоти Муттаҳида аз Аврупо даъват кардааст, ки дар раванди сулҳи Украина фаъолтар иштирок кунад.
Дар ин бора намояндаи ҷумҳурихоҳ Чип Рой ба РИА "Новости" изҳор дошт.
Ӯ дар бораи нақши кишварҳои Ғарб дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ изҳори назар кард.
"Умуман, ман ҳамеша бовар доштам, ки Аврупо бояд нисбат ба маъмулӣ бештар талош кунад", - гуфт Рой.
Иттиҳоди Аврупо мехоҳад дар солҳои 2026-2027 барои эҳтиёҷоти дифоии Киев, аз ҷумла барои хариди силоҳ, 60 млрд евро ҷудо кунад. Аммо, Маскав борҳо изҳор доштааст, ки чунин амалҳо раванди расидан ба созишномаи сулҳро ба таъхир меандозанд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Путин бо Уиткофф ва Кушнер, ки дар он масъалаи Украина баррасӣ шуд, рӯзи шанбе, 5 сентябр, дар Кремл баргузор шуд. Он беш аз се соат давом кард.
Владимир Зеленский.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мендел иддао дорад, ки Зеленский панҷ созишномаи сулҳро рад кард
Илова бар Ушаков, ҷониби Русияро Кирилл Дмитриев, намояндаи махсуси президент оид ба сармоягузорӣ ва ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия намояндагӣ кард.
Ба гуфтаи Ушаков, баҳс дар ин мулоқот танҳо бо Украина маҳдуд нашуд, лоиҳаҳои эҳтимолии бузурги Русияву Амрико низ баррасӣ шуданд.
Дар ин мулоқот Путин ба президенти ИМА Доналд Трамп таманниёти беҳтарини худро расонд ва аз ӯ барои талошҳояш дар заминаи ҳалли Украина ва хоҳиши самимии ӯ "мусоидат ба даст овардани зудтари роҳҳои ҳалли қобили қабул" изҳори сипос кард, илова кард Ушаков.
Лентаи хабарҳо
0