https://sputnik.tj/20260921/eron-ima-tahdid-hamla-poygohho-khovar-miyona-kard-1080598355.html
Эрон ба ИМА таҳдиди ҳамлаҳо ба пойгоҳҳояш дар Ховари Миёнаро кард: сабаб?
Эрон ба ИМА таҳдиди ҳамлаҳо ба пойгоҳҳояш дар Ховари Миёнаро кард: сабаб?
Sputnik Тоҷикистон
ИМА бо ризоияти баъзе кишварҳои Ховари Миёна дар як ҷаласаи муштарак дар як кишвари аврупоӣ тасмим гирифт, ки амалиёти низомиро алайҳи Эрон аз сар гирад, гуфта мешавад дар изҳороти Ситоди марказӣ
2026-09-21T12:41+0500
2026-09-21T12:41+0500
2026-09-21T12:53+0500
эрон
има
сиёсат
ҷанг
ховари миёна
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1f/1079370472_0:4:3072:1732_1920x0_80_0_0_d6cd61f752be11d07662a59c06af8ab4.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен – Sputnik. Агар ИМА тасмим гирад, ки бори дигар ба Ҷумҳурии Исломӣ ҳамла кунад, Эрон ба ҳамаи пойгоҳҳо ва иншооти манфиатҳои ИМА дар Ховари Миёна ҳамла хоҳад кард.Дар ин бора "Хотам ал-Анбия", Ситоди марказии Нерӯҳои Мусаллаҳи Эрон хабар медищад. Ситоди марказӣ инчунин ба кишварҳои Ховари Миёна ҳушдор дода, таъкид кард, ки агар онҳо ба таҷовузи ИМА ҳамроҳ шаванд, наметавонанд ба худдории нерӯҳои мусаллаҳи Эрон умед банданд. Ба гуфтаи Ситоди марказӣ, ИМА бо ризоияти баъзе кишварҳои Ховари Миёна дар як ҷаласаи муштарак дар як кишвари аврупоӣ тасмим гирифт, ки амалиёти низомиро алайҳи Эрон аз сар гирад. 28 феврал Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба ҳадафҳо дар Эрон ҳамла карданд, ки Эрон бо ҳамлаҳои худ посух дод. Шаби 18 июн Теҳрон ва Вашингтон ёддоштеро имзо карданд, ки барои хотима додан ба низоъ равона шуда буд. Аммо, артиши ИМА дар моҳи июл силсилаи ҳамлаҳоро алайҳи Эрон анҷом дод. Фармондеҳии марказии ИМА иддао кард, ки ин посух ба амалҳои Эрон алайҳи киштиҳои тиҷоратие, ки аз гулӯгоҳи Ҳурмуз мегузаранд, буд. Низоъ то ҳол ҳалношуда боқӣ мондааст.
https://sputnik.tj/20260915/tahlilgaron-turkiya-eron-nufuz-ima-mintaqa-sust-1080433733.html
има
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1f/1079370472_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_0cc6ac432e51f84d1d1699afb73a2823.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, има, сиёсат , ҷанг, ховари миёна
эрон, има, сиёсат , ҷанг, ховари миёна
Эрон ба ИМА таҳдиди ҳамлаҳо ба пойгоҳҳояш дар Ховари Миёнаро кард: сабаб?
12:41 21.09.2026 (Навсозишуда: 12:53 21.09.2026) ИМА бо ризоияти баъзе кишварҳои Ховари Миёна дар як ҷаласаи муштарак дар як кишвари аврупоӣ тасмим гирифт, ки амалиёти низомиро алайҳи Эрон аз сар гирад, гуфта мешавад дар изщороти Ситоди марказӣ
ДУШАНБЕ, 21 сен – Sputnik. Агар ИМА тасмим гирад, ки бори дигар ба Ҷумҳурии Исломӣ ҳамла кунад, Эрон ба ҳамаи пойгоҳҳо ва иншооти манфиатҳои ИМА дар Ховари Миёна ҳамла хоҳад кард.
Дар ин бора "Хотам ал-Анбия", Ситоди марказии Нерӯҳои Мусаллаҳи Эрон хабар медищад.
"Мо ҳушдор медиҳем: агар ИМА дар муқобили Эрони исломӣ хато кунад, ҳамаи пойгоҳҳо ва манфиатҳои ин кишвар дар минтақа бидуни ягон маҳдудият ё дудилагӣ барои ҳамлаҳои доимӣ, ҳассос ва дарднок ҳадаф қарор хоҳанд гирифт", - гуфта мешавад дар изҳороте, ки аз ҷониби шабакаи давлатии Эрон иқтибос оварда шудааст.
Ситоди марказӣ инчунин ба кишварҳои Ховари Миёна ҳушдор дода, таъкид кард, ки агар онҳо ба таҷовузи ИМА ҳамроҳ шаванд, наметавонанд ба худдории нерӯҳои мусаллаҳи Эрон умед банданд.
Ба гуфтаи Ситоди марказӣ, ИМА бо ризоияти баъзе кишварҳои Ховари Миёна дар як ҷаласаи муштарак дар як кишвари аврупоӣ тасмим гирифт, ки амалиёти низомиро алайҳи Эрон аз сар гирад.
28 феврал Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба ҳадафҳо дар Эрон ҳамла карданд, ки Эрон бо ҳамлаҳои худ посух дод.
Шаби 18 июн Теҳрон ва Вашингтон ёддоштеро имзо карданд, ки барои хотима додан ба низоъ равона шуда буд. Аммо, артиши ИМА дар моҳи июл силсилаи ҳамлаҳоро алайҳи Эрон анҷом дод.
Фармондеҳии марказии ИМА иддао кард, ки ин посух ба амалҳои Эрон алайҳи киштиҳои тиҷоратие, ки аз гулӯгоҳи Ҳурмуз мегузаранд, буд. Низоъ то ҳол ҳалношуда боқӣ мондааст.