Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт

© telegram SputnikTjЭмомали Рахмон прибыл в Согд
Эмомали Рахмон прибыл в Согд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар аллакай тавонист аз фурудгоҳ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови биравад ва дар он ҷо коргоҳи равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Анқо инвест"-ро боз кунад
ДУШАНБЕ, 20 сен - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.
Ҳадафи сафар, ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулон ва сокинони шарафманди вилоят самимӣ истиқбол гирифтанд.
Раисҷумҳури кишвар аллакай тавонист аз фурудгоҳ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови биравад ва дар он ҷо коргоҳи равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Анқо инвест"-ро, ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкати Фаровон бунёд карда шудааст мавриди истифода қарор бидиҳат.
Таъкид шудааст, ки дар як шабонарӯз ин коргоҳ имкони коркарди то 200 тонна ашёи хомро дорад. Иқтидори солонаи он коркарди то 70 ҳазор тонна донагиҳои равғандорро ташкил медиҳад ва ашёи хоми коргоҳ асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
Автодорога Гулистон - Худжанд. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2026
"Таъмини амният": бархе роҳҳои Суғд чанд рӯз баста мешаванд?
Гуфта мешавад, ки дар коргоҳ се хатти асосии истеҳсолӣ фаъолият намуда, равандҳои равғанкашӣ, коркарди равған ва пешниҳоди маҳсулоти тайёр ба зарфҳо дар ҳамин маҷмӯи истеҳсолӣ анҷом дода мешаванд.
"Равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷҳизоти пешрафта ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли маҳсулот бо риояи талаботи технологӣ ва меъёрҳои матлуб амалӣ мегардад. Маҳсулоти асосии коргоҳ равғани офтобпараст, пахта ва омехта мебошад",- афзудааст манбаъ.
Тибқи гузориш, ҳоло дар коргоҳи равғанбарорӣ беш аз 20 нафар ба фаъолияти доимӣ ҷалб шуда, бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва истифодаи пурраи иқтидорҳои коргоҳ имконияти васеъ намудани доираи фаъолияти истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ низ бештар мегардад.
Тибқи имкониятҳои истеҳсолии коргоҳ, дар сурати фаъолияти пурраи иқтидорҳо, он метавонад то 30 фоизи талаботи бозори дохилии кишварро ба равғани растанӣ таъмин намояд.
Лентаи хабарҳо
0