"Таъмини амният": бархе роҳҳои Суғд чанд рӯз баста мешаванд?

© Sputnik / Amir IsaevАвтодорога Гулистон - Худжанд.
Автодорога Гулистон - Худжанд. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2026
Обуна шудан
Шуъбаи Раёсати Бехатарии давлатии автомобилӣ дар Суғд рӯзҳои баста шудани роҳҳо дар рӯзҳои ояндаро эълом кард
ДУШАНБЕ, 18 сен - Sputnik. Қарор аст дар шаҳри Хуҷанд ҷашни вилоятии сиюпанҷумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон бо ҳузури ҳайати олирутбаи кишвар баргузор шавад.
Дар санади Раёсати Бехатарии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифта, аз тамоми шаҳрвандон ва соҳибони васоити нақлия хоста ва тақозо шудааст, ки ба манзури таъмини амнияти меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳаш, ки ба вилояти Суғд сафар мекунанд, як силсила тадобири амниятӣ иттихоз шудааст.
"Ба таърихи 20 сентябр, хиёбонҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд — Ғафуров, хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Фирдавсӣ, Гагарин, Сирдарё, маҳаллаи Навбаҳор ва Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ва ба таърихи 23 сентябр, хиёбонҳои шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд — Ғафуров ва хиёбони Исмоили Сомонӣ то чорроҳи Рифъат Ҳоҷиев баста мешаванд", — омадааст дар санад.
Аз ин рӯ, раҳбарии Шуъбаи Раёсати Бехатарии давлатии автомобилӣ аз тамоми иштироккунандагони ҳаракат дар ҷода хостааст, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурат дар хиёбонҳои ёдшуда рафтуомад накунанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гузориши манобеи Sputnik Тоҷикистон дар маҳал, аз 20 то 23 сентябр, бузургтарин бозорҳои вилоят — "Сомон", "Атуш", "Баракат", "Саховат" ва "Назари Нек", ки дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавқеият доранд, рухсат шудаанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2026
Раҳмон: Тоҷикистон дорои захираҳои даҳ намуди маъданҳои ниҳоят муҳим аст
Қарор аст дар ин рӯзҳо дар шаҳрҳо ва навоҳии Суғд чандин таъсисот бо корбурдҳои мухталиф ба муносибати ҷашн ба баҳрабардорӣ супурда шаванд. Аз ин рӯ, ҳаракати васоити нақлия дар бархе роҳҳо ва хиёбонҳои шаҳрҳо ва навоҳии Суғд низ ба таври муваққат маҳдуд хоҳад шуд.
Пеш аз ин, ҷашни сиюпанҷумин солгарди Истиқлоли кишвар бо ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва водии Рашт баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0