https://sputnik.tj/20260920/azsargirii-parvozho-bayni-dushanbe-davha-1080556428.html
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Давҳа
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Давҳа
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
2026-09-20T10:21+0500
2026-09-20T10:21+0500
2026-09-20T10:21+0500
дар тоҷикистон
қатар
парвозҳо
сомон эйр
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/13/1080549151_0:25:476:293_1920x0_80_0_0_0b9482df4987c7c759c871e20d73b170.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен - Sputnik. Барқарор намудани парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Қатар дар мулоқоти роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо Сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Муборак бин Абдурраҳмон Ал-Наср баррасӣ гардид.Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иттилоъ медиҳад.“Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла аз нав барқарор намудани парвозҳои "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр" байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Қатарро баррасӣ намуданд”, - қай кардааст ширкат.Таъкид гардид, ки барқарор намудани парвозҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкат ба ҳисоб рафта, рушди алоқаи ҳавоӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни мардумони ду кишвар мусоидат хоҳад кард.Дар доираи ҳамкории минбаъда баргузории вохӯриҳо бо намояндагони корхонаҳои авиатсионии Қатар, аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии "Qatar Airways" ҷиҳати баррасии самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои авиатсия ва сайёҳӣ иброз намуданд.
https://sputnik.tj/20260808/shirkati-havopaymoi-somon-air-parvozho-minsk-oghoz-1079547410.html
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/13/1080549151_26:0:450:318_1920x0_80_0_0_5a623e96d856df539403d1b7ca499916.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қатар, парвозҳо, сомон эйр, нақлиёт
дар тоҷикистон, қатар, парвозҳо, сомон эйр, нақлиёт
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Давҳа
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
ДУШАНБЕ, 20 сен - Sputnik. Барқарор намудани парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Қатар дар мулоқоти роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо Сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Муборак бин Абдурраҳмон Ал-Наср баррасӣ гардид.
Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иттилоъ медиҳад.
“Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла аз нав барқарор намудани парвозҳои "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр" байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Қатарро баррасӣ намуданд”, - қай кардааст ширкат.
Таъкид гардид, ки барқарор намудани парвозҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкат ба ҳисоб рафта, рушди алоқаи ҳавоӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни мардумони ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи ҳамкории минбаъда баргузории вохӯриҳо бо намояндагони корхонаҳои авиатсионии Қатар, аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии "Qatar Airways" ҷиҳати баррасии самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои авиатсия ва сайёҳӣ иброз намуданд.