https://sputnik.tj/20260808/shirkati-havopaymoi-somon-air-parvozho-minsk-oghoz-1079547410.html
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳои мустақимро ба Минск оғоз мекунад
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳои мустақимро ба Минск оғоз мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои мустақим ки пойтахтҳои Тоҷикистону Белорусро бо ҳам мепайвандад, аз аввали моҳи август шурӯъ хоҳад шуд
2026-08-08T13:36+0500
2026-08-08T13:36+0500
2026-08-08T13:36+0500
дар тоҷикистон
сомон эйр
ҳавопаймо
минск
парвозҳо
парвозҳои мустақим
белорус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/07/1079543090_0:43:1280:763_1920x0_80_0_0_13f90eb9d949fc521881b5ef5c3197a9.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг - Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, "Сомон Эйр", парвозҳои мустақимро аз Душанбе ба Минск ва баръакс ба роҳ мондааст.Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ эълон кард.Парвозҳо байни Тоҷикистон ва Беларус бояд аз 29 август оғоз шаванд.Парвозҳо рӯзҳои шанбе соати 6:30-и субҳ ба вақти маҳаллӣ аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе анҷом дода мешаванд. Ҳавопаймо соати 9:50-и субҳ ба фурудгоҳи шаҳри Минск фуруд меояд. Ҷадвали парвозҳо дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ дастрас аст.Чиптаҳо аллакай ба фурӯш бароварда шудаанд, нархҳо аз 3600 сомонӣ оғоз мешаванд.Ба мусофирон ҳавопаймои Boeing 737-800 хидмат мерасонад.Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр", аввалин ҳавопаймои Boeing 737-8 MAX-и худро харидорӣ намудааст.Ҳавопаймо ба шарафи олими барҷаста, табиб ва файласуфи тоҷик, Абу Алӣ ибни Сино номгузорӣ шудааст. Ширкати ҳавопаймоӣ нақша дорад, ки то охири моҳи август як ҳавопаймои дигарро дар ихтиёри қарор диҳад.
https://sputnik.tj/20260727/masirhoi-dur-havopaymoi-navi-somon-eyr-masirho-parvohz-1079261856.html
минск
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/07/1079543090_149:0:1280:848_1920x0_80_0_0_f8eacf6a6af9607bd6e8edb073b6b724.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сомон эйр, ҳавопаймо, минск, парвозҳо, парвозҳои мустақим, белорус
дар тоҷикистон, сомон эйр, ҳавопаймо, минск, парвозҳо, парвозҳои мустақим, белорус
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳои мустақимро ба Минск оғоз мекунад
Парвозҳои мустақим ки пойтахтҳои Тоҷикистону Белорусро бо ҳам мепайвандад, аз аввали моҳи август шурӯъ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 8 авг - Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, "Сомон Эйр", парвозҳои мустақимро аз Душанбе ба Минск ва баръакс ба роҳ мондааст.
Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ эълон кард.
Парвозҳо байни Тоҷикистон ва Беларус бояд аз 29 август оғоз шаванд.
Парвозҳо рӯзҳои шанбе соати 6:30-и субҳ ба вақти маҳаллӣ аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе анҷом дода мешаванд. Ҳавопаймо соати 9:50-и субҳ ба фурудгоҳи шаҳри Минск фуруд меояд. Ҷадвали парвозҳо дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ дастрас аст.
Чиптаҳо аллакай ба фурӯш бароварда шудаанд, нархҳо аз 3600 сомонӣ оғоз мешаванд.
Ба мусофирон ҳавопаймои Boeing 737-800 хидмат мерасонад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр", аввалин ҳавопаймои Boeing 737-8 MAX-и худро харидорӣ намудааст.
Ҳавопаймо ба шарафи олими барҷаста, табиб ва файласуфи тоҷик, Абу Алӣ ибни Сино номгузорӣ шудааст. Ширкати ҳавопаймоӣ нақша дорад, ки то охири моҳи август як ҳавопаймои дигарро дар ихтиёри қарор диҳад.