Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский боз аз вазъи сангинги буҷаи Украина ба Ғарб шикоят кард

© REUTERS /Marko DjuricaВладимир Зеленский выступает на пресс-конференции во время визита в Белград, Сербия, 8 августа 2026 года.
Владимир Зеленский выступает на пресс-конференции во время визита в Белград, Сербия, 8 августа 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2026
Обуна шудан
Раҳбари режими Киев дар дидор бо раҳбарони кишварҳои Ғарб касри буҷаи Украинаро кайҳонӣ номид
ДУШАНБЕ, 18 сен - Sputnik. Владимир Зеленский зимни сӯҳбат бо раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен касри буҷаи Украинаро "кайҳонӣ" номид, хабар додааст Strana.ua.
"Мо барои рафъи ин, тавре ки ман қайд кардам, касри кайҳонӣ якчанд нақша омода мекунем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Зеленский, сарфи назар аз мушкилот, Киев умедвор аст, ки роҳи ҳали онро пайдо хоҳад кард.
Хабаргузории Reuters рӯзи 12 сентябр бо истинод ба Роксолана Пидлас, раиси Кумитаи буҷаи парлумони Украина, хабар дод, ки Киев дигар наметавонад ниёзҳои дифоии худро пурра аз ҳисоби захираҳои дохилӣ қонеъ кунад.
Зеленский зимни мулоқот бо рӯзноманигорони украинӣ эътироф кард, ки дар буҷаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина 27 миллиард доллар норасоӣ мавҷуд аст. Ӯ аз Аврупо талаб кард, ки фавран қисме аз қарзи ИА-ро, ки барои Киев дар соли оянда барои пӯшонидани касри маблағгузории дифоъ ҷудо шуда буд, таъмин кунад.
Заседание Верховной рады Украины.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Украина беш аз 100 вакили парлумон барои фасодкорӣ боздошт шудаанд
Рӯзномаи "Washington Pos " бо истинод ба ду дипломат хабар дод, ки сиёсатгузорони аврупоӣ "баъзе фарқиятҳо аз пешгӯиҳои буҷа"-ро интизор буданд, аммо "чунин касри бузург"-ро ин қадар зуд пешбинӣ накарда буданд. Тавре ки нашрия қайд кард, дар Аврупо саволҳои ҷиддӣ дар бораи он ки чӣ гуна ин рақами 27 миллиард доллар ҳисоб карда шудааст, ба миён меоянд.
Украина дар тӯли чанд соли охир бо касри рекордии буҷа рӯбарӯ аст ва барои пӯшонидани он ба кумаки Ғарб умед мебандад. Буҷаи имсола бо касри 1,9 триллион гривн (45 миллиард доллар) қабул карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0