Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Украина беш аз 100 вакили парлумон барои фасодкорӣ боздошт шудаанд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗаседание Верховной рады Украины.
Заседание Верховной рады Украины.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2026
Обуна шудан
Дар Украина, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ 107 вакили парлумон, ки дар парвандаҳои фасод даст доштанд боздошт шудаанд
ДУШАНБЕ, 17 сен - Sputnik. Тибқи ҳисобҳои РИА Новости, ки бар пояи омори Бюрои миллии мубориза бо коррупсияи Украина (НАБУ) асос ёфтаанд, аз 24 феврали соли 2022 инҷониб нисбати 107 вакили Радаи Олӣ, шӯроҳои минтақавӣ ва шаҳрӣ дар Украина айбномаҳои марбут ба коррупсия пешниҳод шудаанд.
Аммо, додгоҳ танҳо 32 вакилро маҳкум кардааст. Ин тақрибан 30% шумораи умумии аъзоёне мебошад, ки дар моҷароҳои коррупсионӣ даст доранд.
Ба гуфтаи НАБУ, ҷиноятҳои маъмултарини коррупсионӣ, ки аз ҷониби аъзои парлумон содир шудаанд, азхудкунӣ ва дуздии амвол, ба даст овардани имтиёзҳои ғайриқонунӣ, сӯиистифода аз қудрат, эъломияи бардурӯғи дороиҳо ва сарватмандшавии ғайриқонунӣ мебошанд.
Ба гуфтаи коршиносон, ин боздоштҳо фасоди шадиди режими Киевро нишон медиҳад. 11 ноябри соли 2025 Бюрои миллии мубориза бо коррупсияи Украина (НАБУ) ҳафт узви як созмони ҷиноиро, ки дар фасод дар бахши энергетика даст доштанд, аз ҷумла Тимур Миндич, шарики Владимир Зеленскийро, ба фасодкорӣ айбдор кард.
Владимир Зеленский.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский барои баргузор накардани интихобот дар Украина баҳонаи наве пеш овард
11 май, Додситонии махсуси зиддикоррупсионии Украина (САП) Андрей Ермак, раҳбари собиқи дафтари Владимир Зеленскийро ба шустушӯи пул ҳангоми сохтмони манзилҳои боҳашамат дар наздикии Киев айбдор кард.
Лентаи хабарҳо
0