https://sputnik.tj/20260919/tojikiston-omodasozii-mutakhassison-dokhilu-khorij-1080536200.html
Дар Тоҷикистон масъалаи омодасозии мутахассисон дар дохилу хориҷи кишвар баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон масъалаи омодасозии мутахассисон дар дохилу хориҷи кишвар баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар ҷаласае бо ҳузури муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
2026-09-19T11:32+0500
2026-09-19T11:32+0500
2026-09-19T11:32+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
хориҷ
омӯзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1a/1067473141_63:243:1929:1293_1920x0_80_0_0_9741005b5b6e10bb8472042e05a66856.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен - Sputnik. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷаласае дар бораи омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар додааст.Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дошт, ки омода намудани мутахассисони баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар яке аз масъалаҳои муҳимми рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад.Вай гуфт, дар ин самт ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда зарур мебошад.Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос, ба роҳ мондани таҳсили мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар самти тайёр намудани кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои такмили механизмҳои интихоби довталабон барои таҳсил дар хориҷи кишвар, муайян намудани самтҳои афзалиятноки омодасозии мутахассисон, мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва истифодаи самараноки неруи кадрӣ баррасӣ шуданд.Дар ҷаласа муовини сарвазир ба масъулин барои такмили низоми омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи рушди ҷумҳурӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.
https://sputnik.tj/20260831/rahmon-tojikiston-mutakhassis-javon-sohibi-diplom-1080055367.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1a/1067473141_134:0:1858:1293_1920x0_80_0_0_2294f9547bcb3710b07f39735ff5968c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, таҳсил, хориҷ, омӯзиш
дар тоҷикистон, маориф, таҳсил, хориҷ, омӯзиш
Дар Тоҷикистон масъалаи омодасозии мутахассисон дар дохилу хориҷи кишвар баррасӣ шуд
Ахиран дар ҷаласае бо ҳузури муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19 сен - Sputnik. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷаласае дар бораи омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар додааст.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дошт, ки омода намудани мутахассисони баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар яке аз масъалаҳои муҳимми рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Вай гуфт, дар ин самт ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда зарур мебошад.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос, ба роҳ мондани таҳсили мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар самти тайёр намудани кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои такмили механизмҳои интихоби довталабон барои таҳсил дар хориҷи кишвар, муайян намудани самтҳои афзалиятноки омодасозии мутахассисон, мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва истифодаи самараноки неруи кадрӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа муовини сарвазир ба масъулин барои такмили низоми омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи рушди ҷумҳурӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.