Раҳмон: Ба Тоҷикистон мутахассис лозим аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури мегӯяд дар аксари факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯён ду соли аввал бештар ба омӯзиши фанҳои ғайриихтисосӣ банд гардида, ба онҳо аксари фанҳои тахассусӣ асосан аз соли сеюм таълим дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон эмомалӣ раҳмон дар Рӯзи дониш таъкид кард, ки дар пешрафти соҳаи маориф ва густаришу тақвияти сатҳу сифати таълиму тарбия муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нақши шоиста доранд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Вай гуфт дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишкадаву донишгоҳҳои кишвар бамаротиб афзуда, ҳоло ба 51 расидааст.
Раҳмон қайд кард, ки заминаҳои моддиву техникӣ ва шароиту имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ мунтазам беҳтар шуда истодаанд.
“Дар баробари ин, дар донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат дар самтҳои сифати таҳсилот, таъминот бо устодону омӯзгорони соҳибтаҷрибаву дорои унвони илмӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, фаъолияти паркҳои технологӣ, такмили ихтисоси устодон ва ташкили озмоишгоҳҳои муосир то ҳол баъзе мушкилиҳо ҷой доранд, ки бояд бартараф карда шаванд”, - супориш дод кишвардори Тоҷикистон.
Раисҷумҳури дар Рӯзи дониш ба як масъалаи таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
Вай гуфт Тибқи маълумот дар аксари факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯён ду соли аввал бештар ба омӯзиши фанҳои ғайриихтисосӣ банд гардида, ба онҳо аксари фанҳои тахассусӣ асосан аз соли сеюм таълим дода мешаванд, ки ин боиси коҳиш ёфтани шавқи донишҷӯ нисбат ба касбу ихтисоси интихобкардааш мегардад.
Вай ба Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш додл, ки ин масъаларо дар муддати се моҳи оянда ҳаматарафа баррасӣ карда, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2026
Раҳмон: давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш бошанд
Вай бори дигар таъкид кард, ки ба Тоҷикистон пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба интихоби касби ояндаи ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ба гуфтаи вай инсон бояд дар интихоби касб хато накунад, вагарна то охири умр сарсону саргардон мешавад ва орзуҳои худро амалӣ карда наметавонад.
“Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо зимни интихоби касб тамоюли зоҳирпарастӣ, тақлид ба дигарон ва интихоби бемавриду бемантиқ ҷой дорад. Аксари ҷавонон мехоҳанд, ки ё табиб шаванд ё ҳуқуқшинос. Яъне дар аксар мавридҳо интихоби касб на дар асоси қобилият ва истеъдод, балки аз рӯйи ҳавову ҳавас сурат мегирад”, - таъкид кард рабари кишвар.
Раҳмон гуфт, ки дар кишварҳои пешрафта ҳанӯз аз зинаи томактабӣ ва баъдан дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ба масъалаи муайян кардани қобилият, истеъдод ва лаёқати наврасон диққати махсус медиҳанд.
“Мо хуб медонем, ки ҳамаи падару модарон орзу доранд, ки фарзандонашон роҳи дурустро интихоб намоянд ва дар оянда хушбахт шаванд. Аммо онҳо баъзан намедонанд, ки ин амалро чӣ гуна анҷом диҳанд. Бахусус, агар воқеияти замон ба инобат гирифта нашавад”, - гуфт ӯ.
Раҳбари кишвар қайд кард, ки имрӯзҳо мутахассисони соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва монанди инҳо дар бозори меҳнат талабгори зиёд доранд.
Эмомалӣ Рҳмон ба Вазорати маориф, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилот супориш дод, ки дар муддати 3 моҳ вобаста ба ташаккули фарҳанги интихоби касб ва механизмҳои муайян намудани қобилият ва лаёқати касбии кӯдакону наврасон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2026
Аз амнияти озуқаворӣ то рушди сайёҳӣ: Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат чиро баррасӣ кард?
Раҳбари Тоҷикистон илова кард, ки мақомот бояд ба тарбияи наврасону ҷавонон низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намояд.
Зеро рафтору гуфтори шоиста ифодагари сатҳи тарбия ва симои маънавии шахс мебошад.
“Тарбияи ахлоқӣ бояд аз оила оғоз шуда, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста идома ёбад. Ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят бештар онҳое даст мезананд, ки аз тарбияи падару модар дур мондаанд, дар таҳсил фориғболӣ кардаанд, соҳиби касбу ҳунар нестанд ва дар зиндагӣ ҳадафи муайяне надоранд. Падару модарон вазифадоранд, ки дар оила барои тарбия ва камолоти фарзанд муҳити солим фароҳам оваранд”, гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки дар кори ояндасози таълиму тарбия албатта, боз ҳам омӯзгорон масъулияти бештар доранд, зеро онҳо неруи тавонои тарбия ба шумор мераванд.
Ҳамчунин, вай ба баланд бардоштани сифати таълим ва ба камол расонидани кадрҳои ҷавобгӯй ба талаботи замони пешрафт таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0