Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин мегӯяд, ки режими Украина кӯшиш дорад ба интихоботи Русия дахолат кунад

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Владимир Путин провел заседание Военно-промышленной комиссии.
Президент Владимир Путин провел заседание Военно-промышленной комиссии.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия гуфт, ки режими Украина талош дорад ба баргузории интихоботи парлумонӣ дар Русия халал расонад
ДУШАНБЕ, 19 сен - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки режими Украина талош дорад, ба ҷараёни интихоботи парлумони дар Русия халал раонад.
"Роҳбарияти Украина, тавре ки мо медонем, барои баргузории интихобот шитоб намекунад, аммо онҳо инчунин кӯшиш мекунанд, ки ба мо халал расонанд", - гуфт раҳбари Русия зимни ҷаласаи комиссияи низомӣ-саноатӣ.
Путин хабар дод, ки имрӯз, дар рӯзи аввали интихобот дар Русия, режими Киев ҷинояти дигаре содир кард, ки ба як бинои истиқоматӣ дар минтақаи Запороже ҳамла кард, ки дар натиҷа раиси комиссияи интихоботии ҳавзавӣ Елена Астанина кушта шуд.
Рӯзи ягонаи овоздиҳии соли 2026 интихоботи вакилони Думаи Давлатӣ, инчунин интихоботи мустақими мансабдорони баландпоя дар ҳашт минтақаи Русияро дар бар мегирад.
Александр Дугин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дугин: Зеленский бо ҳар баҳона интихоботро дар Украина ба таъхир меандозад
Овоздиҳӣ дар тӯли се рӯз, аз 18 то 20 сентябр, баргузор мешавад. Президенти Русия Владимир Путин қаблан интихоботи дарпешистода барои Думаи Давлатиро муҳимтарин рӯйдоди сиёсии дохилии кишвар номид.
Лентаи хабарҳо
0