Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дугин: Зеленский бо ҳар баҳона интихоботро дар Украина ба таъхир меандозад

© Sputnik / Фотохост-агентство "РИА Новости" / Гузариш ба медиабонкАлександр Дугин
Александр Дугин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2026
Обуна шудан
Файласуфи рус мегӯяд, ки интихобот дар Украина дар замони Зеленский баргузор намешавад
ДУШАНБЕ, 18 сен - Sputnik. Интихобот дар Украина таҳти роҳбарии Владимир Зеленский баргузор намешавад. Ӯ онҳоро бо ҳар баҳона ба таъхир меандозад, зеро мефаҳмад, ки имкони интихоб шудан ба таври демократӣ надорад, мегӯяд файласуф, сиёсатшинос ва ҷомеашиноси рус Александр Дугин.
Зеленский қаблан изҳор дошт, ки баргузории интихобот дар Украина ғайриимкон аст ва гуфт нӯҳ миллион шаҳрванд дар берун аз кишвар, зиндагӣ доранд.
"Ман фикр мекунам, ки дар Украина дар замони Зеленский интихобот баргузор намешавад. Ӯ хуб мефаҳмад, ки касе ӯро интихоб намекунад, ки кишварро ба фурӯпошии комил бурдааст ва имкони интихоб шудан ба таври демократӣ надорад. Аз ин рӯ, ӯ интихоботро бо ҳар баҳона ба таъхир меандозад", - гуфт Дугин ба РИА Новости.
Лидер французской партии Национальное объединение  Марин Ле Пен  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ле Пен: Украина сабаби ҷанги сеюми ҷаҳон хоҳад шуд
Дар моҳи феврал, раҳбари режими Киев дар мусоҳиба бо Sky News гуфт, ки интихобот барои украиниҳо дар чунин шароит аҳамият надоранд.
Мӯҳлати ваколати Зеленский 20 майи соли 2024 ба охир расид. Сипас раъйдиҳӣ бо ишора ба ҳолати низомӣ ва сафарбаркунии умумӣ бекор карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0