https://sputnik.tj/20260917/rahmon-tojikiston-zakhirahoi-madanhoi-nihoyat-muhim-1080475171.html
Раҳмон: Тоҷикистон дорои захираҳои даҳ намуди маъданҳои ниҳоят муҳим аст
Раҳмон: Тоҷикистон дорои захираҳои даҳ намуди маъданҳои ниҳоят муҳим аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки кишвар барои рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад
2026-09-17T10:41+0500
2026-09-17T10:41+0500
2026-09-17T10:41+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
саноат
канданиҳои фоиданок
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/10/1080461506_0:47:2048:1200_1920x0_80_0_0_682e40f5bd1dd5928cbc1fe452c9610d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Корея гуфт, ки дар бист соли охир суръати солонаи рушди иқтисоди миллии кишвари мо ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,8 фоиз таъмин гардидааст.Вай гуфт, ки танҳо соли гузашта ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз панҷ миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид.Ҳоло дар кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз ҳафт миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди татбиқ қарор доранд.Раҳбари кишвар дар бораи истихроҷ ва коркарди маъданҳои стратегӣ таъкид кард.Вай гуфт, Тоҷикистон дорои захираҳои даҳ (10) намуди маъданҳои ниҳоят муҳим (критикӣ) ва нодир мебошад.Вай илова кард, ки дар ҳудуди кишвар дар маҷмӯъ зиёда аз 800 кон ва 70 намуди канданиҳои фоиданок муайян гардидаанд.Маъданҳои асосии критикӣ ва стратегии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:Вай илова кард, Тоҷикистон захираҳои назарраси сурма, нуқра, волфрам, сурб, руҳ, симоб, мис ва флюорит дорад, дар қаламрави он конҳои литий, ниобий ва тантал кашф гардидаанд.Айни замон, вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҷалби сармояи хориҷиро барои коркарди пурраи ин маъданҳо дар дохили кишвар ва табдил додани Тоҷикистон ба як таъминкунандаи асосии металлҳои критикӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/60549
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/10/1080461506_84:0:1904:1365_1920x0_80_0_0_4d58f14f0951d454f4c20e58526a6d03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, саноат, канданиҳои фоиданок
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, саноат, канданиҳои фоиданок
Раҳмон: Тоҷикистон дорои захираҳои даҳ намуди маъданҳои ниҳоят муҳим аст
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки кишвар барои рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад
ДУШАНБЕ, 17 сен - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Корея гуфт, ки дар бист соли охир суръати солонаи рушди иқтисоди миллии кишвари мо ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,8 фоиз таъмин гардидааст.
Вай гуфт, ки танҳо соли гузашта ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз панҷ миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид.
Ҳоло дар кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз ҳафт миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди татбиқ қарор доранд.
Раҳбари кишвар дар бораи истихроҷ ва коркарди маъданҳои стратегӣ таъкид кард.
Вай гуфт, Тоҷикистон дорои захираҳои даҳ (10) намуди маъданҳои ниҳоят муҳим (критикӣ) ва нодир мебошад.
“Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги маъданҳои ниҳоят муҳим (критикӣ) ва нодир аст, ки барои технологияҳои муосир ва гузариш ба энергияи "сабз" аҳаммияти стратегӣ доранд”, - гуфт ӯ
Вай илова кард, ки дар ҳудуди кишвар дар маҷмӯъ зиёда аз 800 кон ва 70 намуди канданиҳои фоиданок муайян гардидаанд.
Маъданҳои асосии критикӣ ва стратегии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
Вай илова кард, Тоҷикистон захираҳои назарраси сурма, нуқра, волфрам, сурб, руҳ, симоб, мис ва флюорит дорад, дар қаламрави он конҳои литий, ниобий ва тантал кашф гардидаанд.
Айни замон, вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҷалби сармояи хориҷиро барои коркарди пурраи ин маъданҳо дар дохили кишвар ва табдил додани Тоҷикистон ба як таъминкунандаи асосии металлҳои критикӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст