Шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дар куҷо метавонанд раъй диҳанд?

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон барои раъйдиҳии шаҳрвандони Русия дар интихоботи Думаи давлатии Русия ҳафт ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд.
Шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд имкон доранд, дар интихоботи Думаи давлатии Русия раъй диҳанд.
Ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ 20 сентябр аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти Душанбе бозхоҳанд буд.
Се ҳавзаи интихоботӣ барои раъйдиҳандагони муқаррарӣ боз хоҳанд буд: дуто дар Душанбе ва якто дар Хуҷанд. Чор ҳавзаи дигари интихоботӣ барои хизматчиёни низомии Русия ва оилаҳои онҳо пешбинӣ шудаанд.
Дар Душанбе шаҳрвандони Русия имкон доранд дар бинои бахши консулии сафорати Русия ва дар намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия раъй диҳанд. Дар Хуҷанд дар назди консулгарии генералии Русия як ҳавзаи интихоботӣ боз мешавад.
Овоздиҳӣ барои интихоботи вакилони Думаи давлатии дар Русия дар тӯли се рӯз, аз 18 то 20 сентябр, баргузор мешавад.
Дар Тоҷикистон дар рӯзи интихоботи парлумонии Русия ҳафт ҳавзаи интихоботӣ боз мешавад
Русҳое, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд дар рӯзҳои интихобот метавонанд дар беш аз 300 ҳавзаи интихоботӣ дар 152 кишвар овоз диҳанд.
Президенти Русия Владимир Путин интихоботи дарпешистодаи Думаи давлатиро муҳимтарин рӯйдоди сиёсии дохилӣ дар кишвар номид.
Лентаи хабарҳо
0