Дар Тоҷикистон дар рӯзи интизоботи парлумонии Русия ҳафт ҳавзаи интихоботӣ боз мешавад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкВыборы президента России.
Выборы президента России. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2026
Обуна шудан
Семен Григорьев, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки шаҳрвандони Русия аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ метавонанд дар ин ҳавзаҳо раъй диҳанд
ДУШАНБЕ, 7 сент - Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев гуфт, ки рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ҳафт ҳавзаи интихоботӣ боз мешавад, ки дар он шаҳрвандони Русия, метавонанд дар интихоботи Думаи Давлатӣ иштирок намоянд.
"Барои шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва мехоҳанд раъй диҳанд, ҳавзаҳои интихоботӣ дар биноҳои бахши консулгарии сафорат ва намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе, инчунин дар Консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд таъсис дода мешаванд. Ғайр аз ин, чор ҳавзаи иловагии интихоботӣ барои низомиёни Русия ва оилаҳои онҳо боз мешаванд (Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҷойгир аст)”, - гуфт сафир ба хабаргузории ТАСС.
Ба гуфтаи Григорев, ҳавзаи дуюми интихоботӣ дар Душанбе - дар намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ - барои "таъмини шароити бароҳат барои раъйдиҳӣ барои шаҳрвандони Русия ва кам кардани вақти интизорӣ" боз мешавад.
Вай афзуд, ки ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.
Григорев инчунин ба масъалаи таъмини амният дар гкзаронидани интихобот таъкид кард.
"Масъалаҳои амниятӣ анъанавӣ авлавияти аввалиндараҷаи мо буданд. Бо такя ба таҷрибаи худ, мо тамоми чораҳоро меандешем, то таҷрибаи ором, бемамониат ва бехатари овоздиҳиро барои шаҳрвандони Русия таъмин кунем", - шарҳ дод ӯ.
Александр Кинщак. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2026
Маълум шуд сафири нави Русия дар Тоҷикистон кӣ мешавад
Ба гуфтаи сафир, намояндагии дипломатӣ дар ин масъала бо мақомоти ҷумҳурӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
"Мо ба кумаки ҳамаҷонибаи онҳо умед дорем", - хулоса кард сафири Русия.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи вакилони Думаи давлатии Русия рӯзҳои 18, 19 ва 20 сентябр баргузор мешавад. Сокинони Донбасс ва Новороссия бори аввал дар он иштирок мекунанд.
Сафорати Русия қаблан қайд карда буд, ки ҳавзаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон танҳо 20 сентябр кушода хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0