https://sputnik.tj/20260918/boshqirdiston-parki-sanoatii-rusiya-tojikiston-idora-1080510756.html
Бошқирдистон Парки саноатии Русия ва Тоҷикистонро идора мекунад
Бошқирдистон Парки саноатии Русия ва Тоҷикистонро идора мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Аввалин ширкатҳое, ки дар ин парки саноатии Душанбе ба кори худ оғоз мекунад, ширкатҳои саноати мошинсозӣ, саноати сабук ва металлургия мебошанд
2026-09-18T10:41+0500
2026-09-18T10:41+0500
2026-09-18T11:52+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
саноат
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0c/1068079641_0:151:3104:1897_1920x0_80_0_0_1c0deb0d987fc7d5445415ad7b79503e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен - Sputnik. Радий Хабиров, раисҷумҳури Башқирдистон дар мусоҳиба бо Интерфакс, эълон кард, ки Корпоратсияи рушди Бошқирдистон ширкати идоракунандаи парки саноатии муштараки Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе таъин шудааст."Русия ва Тоҷикистон созишномаро дар бораи таъсиси парки саноатии муштарак дар Душанбе тасдиқ карданд. Корпоратсияи рушди Бошқирдистон ширкати идоракунандаи ин парк таъин шудааст. Ин масъулияти бузург ва манфиатҳои воқеиро ифода мекунад. Барои сокинони мо шароити бесобиқа фароҳам меояд: 50% кам кардани андоз ва озодкунии пурра аз боҷҳои гумрукӣ", - гуфт Хабиров.Ба гуфтаи вай, аввалин ширкатҳое, ки дар ин парк ба кори худ оғоз мекунад, ширкатҳои саноати асбобсозӣ, саноати сабук ва металлургия мебошанд - бахшҳое, ки минтақа дар онҳо таҷрибаи махсусан қавӣ дорад.Парки саноатӣ дар заминаи корхонаи мошинсозии "Коргоҳи мошинсозӣ" (собиқ "Таҷиктекстильмаш") дар шаҳри Душанбе бунёд мешавад.Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ тақрибан 1 миллиард рубл арзёбӣ мешавад, ки нисфи он аз ҳисоби корпоратсияи давлатии русиягии "ВЭБ.РФ" маблағгузорӣ мегардад.Дар марҳилаи аввал дар ҳудуди парк корхонаҳои саноати сабук (бофандагӣ ва дӯзандагӣ), металлургия, мошинсозӣ (сохтани дастгоҳҳо) ва истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ҷойгир карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20260728/tasvibi-sozishnoma-tasisi-parki-sanoatii-tojikiston-rusiya-1079295261.html
русия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0c/1068079641_181:0:2912:2048_1920x0_80_0_0_6f8a63c68249dc0f1d4079fe6baf149c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, саноат, душанбе
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, саноат, душанбе
Бошқирдистон Парки саноатии Русия ва Тоҷикистонро идора мекунад
10:41 18.09.2026 (Навсозишуда: 11:52 18.09.2026) Аввалин ширкатҳое, ки дар ин парки саноатии Душанбе ба кори худ оғоз мекунад, ширкатҳои саноати мошинсозӣ, саноати сабук ва металлургия мебошанд
ДУШАНБЕ, 18 сен - Sputnik. Радий Хабиров, раисҷумҳури Башқирдистон дар мусоҳиба бо Интерфакс, эълон кард, ки Корпоратсияи рушди Бошқирдистон ширкати идоракунандаи парки саноатии муштараки Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе таъин шудааст.
"Русия ва Тоҷикистон созишномаро дар бораи таъсиси парки саноатии муштарак дар Душанбе тасдиқ карданд. Корпоратсияи рушди Бошқирдистон ширкати идоракунандаи ин парк таъин шудааст. Ин масъулияти бузург ва манфиатҳои воқеиро ифода мекунад. Барои сокинони мо шароити бесобиқа фароҳам меояд: 50% кам кардани андоз ва озодкунии пурра аз боҷҳои гумрукӣ", - гуфт Хабиров.
Ба гуфтаи вай, аввалин ширкатҳое, ки дар ин парк ба кори худ оғоз мекунад, ширкатҳои саноати асбобсозӣ, саноати сабук ва металлургия мебошанд - бахшҳое, ки минтақа дар онҳо таҷрибаи махсусан қавӣ дорад.
Парки саноатӣ дар заминаи корхонаи мошинсозии "Коргоҳи мошинсозӣ" (собиқ "Таҷиктекстильмаш") дар шаҳри Душанбе бунёд мешавад.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ тақрибан 1 миллиард рубл арзёбӣ мешавад, ки нисфи он аз ҳисоби корпоратсияи давлатии русиягии "ВЭБ.РФ" маблағгузорӣ мегардад.
Дар марҳилаи аввал дар ҳудуди парк корхонаҳои саноати сабук (бофандагӣ ва дӯзандагӣ), металлургия, мошинсозӣ (сохтани дастгоҳҳо) ва истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ҷойгир карда мешаванд.