Тасвиби созишнома дар бораи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Русия

© Foto / Торговое представительство Российской Федерации в Республике ТаджикистанПереговоры о создании совместного российско-таджикистанского парка.
Переговоры о создании совместного российско-таджикистанского парка.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2026
Обуна шудан
Созишномаи сармоягузорӣ дар бораи таъсиси парки муштараки саноатии Русия ва Тоҷикистон, ки қарор аз дар шаҳри Душанбе бунёд гардад, ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Роман Чекушов, муовини вазири саноат ва тиҷорати Русия, зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон, бо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар ва Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дидору мулоқот кард.
Дар ин бора намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ин дидору гуфтугӯҳои ҷониби Русия бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасии қадамҳои минбаъда дар бораи бунёди парки саноатӣ будааст.
"Мо метавонем бо итминон ба марҳилаи амалии татбиқи лоиҳаи парки муштараки саноатии Русия ва Тоҷикистон дар корхонаи мошинсозӣ гузарем. Мо барои ин ҳама заминаҳои ҳуқуқиро дорем. Созишномаи сармоягузории мувофиқ тасдиқ шудааст ва харитаи роҳ, ки марҳилаҳои мушаххаси лоиҳаро муайян мекунад, имзо шудааст. Ширкати идоракунанда, Корпоратсияи рушди Ҷумҳурии Бошқирдистон низ интихоб шудааст", - қайд кард Роман Чекушов.
Қайд карда шудааст, ки дар марҳилаи аввал, соҳаҳои афзалиятнок барои ҷойгиркунӣ дар дохили парк, саноати сабук, металлургия, истеҳсоли таҷҳизоти мошинсозӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ мебошанд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи таъсиси як парки технологӣ бо Бошқирдистонро тасдиқ кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2026
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи таъсиси як парки технологӣ бо Бошқирдистонро тасдиқ кард.
Таъкид шудааст, ки таъсиси парки саноатӣ ба тиҷорати байни кишварҳо таъсири мусбат хоҳад расонд.
Ёдовар мешавем, ки иштирок дар лоиҳа ба ширкатҳо як қатор имтиёзҳоро пешниҳод мекунад: аз ҷумла 50% коҳиш додани андозҳои замин, амвол ва фоида, инчунин Андоз аз арзиши иловашуд ва озодкунӣ аз боҷҳои гумрукиро дарбар мегирад.
Ин ва дигар чораҳо ба ширкатҳои иштирокчӣ имкон медиҳанд, ки аз парки саноатӣ ҳамчун макони истеҳсолӣ барои пур кардани бозори Тоҷикистон бо маҳсулоти худ самаранок истифода баранд.
Инчунин ин ширкатҳо метавонанд ба бозорҳои кишварҳои сеюм, бахусус дар Осиёи Марказӣ маҳсулоти истеҳсолшудаи худро ворид намоянд.
Қайд карда шудааст, ки лоиҳаи парки саноатӣ дар доираи лоиҳаи федералии "Эҷоди инфрасохтори хориҷӣ", ки қисми лоиҳаи миллии "Ҳамкории байналмилалӣ ва содирот" мебошад, амалӣ карда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки созишномаи сармоягузорӣ дар бораи парки саноатӣ ҳанӯз 20 май дар ҷаласаи парлумон дар Душанбе тасдиқ шуда буд.
Бунёди парки саноатӣ дар Душанбе як лоиҳаи хеле муҳим аст, - ноиби вазири саноат ва савдои Русия.
Лоиҳа баробар аз ҷониби Тоҷикистон ва Русия маблағгузорӣ мешавад, гарчанде ки арзиши мушаххаси сохтмон ошкор нашудааст.
Ҷониби Русия 500 млн рубл саҳм мегузорад, ки ин маблағ барои барқарорсозӣ ва навсозии инфрасохтори парки оянда истифода мешавад.
Макони интихобшуда барои парки нави технологӣ корхонаи воҳиди давлатии "Корхонаи мошинсозӣ" (қаблан бо номи "Тоҷиктекстильмаш" маъруф буд) мебошад, ки масоҳати 9,3 гектарро ташкил медиҳад.
Дар ин ҷо се бино бо масоҳати умумии 45 ҳаз. метри мураббаъ бояд аз нав сохта шаванд. Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар Душанбе моҳи марти соли 2025 зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ба имзо расида буд.
Лентаи хабарҳо
0