https://sputnik.tj/20260917/amoroti-muttahidai-arab-panjakenti-sugd-dehai-nav-bunyod-1080476746.html
Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд деҳаи нав бунёд кард
Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд деҳаи нав бунёд кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти шаҳри Панҷакент деҳаи навбунёд барои 25 оила барои қабули сокинони нав омода карда мешавад
2026-09-17T12:43+0500
2026-09-17T12:43+0500
2026-09-17T12:43+0500
дар тоҷикистон
деҳа
панҷакент
суғд
ама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/11/1080481055_0:43:590:375_1920x0_80_0_0_5afeb0da66e934f182e09b11833bf896.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен - Sputnik. Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои муҳоҷирони экологӣ дар шафати деҳаи Гулистони деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент деҳаи нав бунёд кардааст.Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Панҷакент хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки ин деҳаи нав барои 25 оила сохта шудааст ва ҳоло корҳои охирини омодагӣ барои маскун намудани оилаҳо идома дорад.Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти корҳои омодагӣ гуфта шуд, ки биноҳои муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои истифода омода буда, хати обу барқ насб карда шудааст ва ҳоло кӯчаҳои деҳа ба тартиб дароварда мешавад.Раиси шаҳр ба масъулон ҷиҳати дар мӯҳлати пешбинишуда барои ба қабул омода кардани деҳа дастур дод.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 182 деҳаи нав бунёд ёфт.Ба иттилои ин Кумита шумораи аҳолии онҳо 101 ҳазору 383 нафарро ташкил дода, дар онҳо 10 муассисаи томактабӣ, 83 муассисаи таълимӣ ва 70 бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд.Ба гуфтаи мақомот таъсиси деҳаҳои нав дар Тоҷикистон асосан ба хотири танзими ҳудудӣ, афзоиши табиии аҳолӣ, кӯчонидани сокинон аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ва обод кардани заминҳои нав ба роҳ монда мешавад.Бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ, ҳукумат заминҳои навро барои сохтмони соҳаи истиқоматӣ ҷудо мекунад, ки ин боиси пайдоиши маҳаллаҳо ва деҳаҳои нав мегардад.Дар деҳаҳои навтаъсис аз ҳисоби давлат ва соҳибкорон муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо ва хатҳои оби нӯшокӣ сохта мешаванд.Ин раванд қисме аз барномаҳои давлатӣ барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум дар кӯҳистон ва минтақаҳои дурдаст ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20260912/sohibistiqloli-tojikiston-dehai-tasis-1080373241.html
панҷакент
суғд
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/11/1080481055_16:0:540:393_1920x0_80_0_0_329ceeaadc0cecc10b5567a366738902.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, деҳа, панҷакент, суғд, ама
дар тоҷикистон, деҳа, панҷакент, суғд, ама
Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд деҳаи нав бунёд кард
Ба иттилои мақомоти шаҳри Панҷакент деҳаи навбунёд барои 25 оила барои қабули сокинони нав омода карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17 сен - Sputnik. Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои муҳоҷирони экологӣ дар шафати деҳаи Гулистони деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент деҳаи нав бунёд кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ин деҳаи нав барои 25 оила сохта шудааст ва ҳоло корҳои охирини омодагӣ барои маскун намудани оилаҳо идома дорад.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти корҳои омодагӣ гуфта шуд, ки биноҳои муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои истифода омода буда, хати обу барқ насб карда шудааст ва ҳоло кӯчаҳои деҳа ба тартиб дароварда мешавад.
Раиси шаҳр ба масъулон ҷиҳати дар мӯҳлати пешбинишуда барои ба қабул омода кардани деҳа дастур дод.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 182 деҳаи нав бунёд ёфт.
Ба иттилои ин Кумита шумораи аҳолии онҳо 101 ҳазору 383 нафарро ташкил дода, дар онҳо 10 муассисаи томактабӣ, 83 муассисаи таълимӣ ва 70 бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд.
Ба гуфтаи мақомот таъсиси деҳаҳои нав дар Тоҷикистон асосан ба хотири танзими ҳудудӣ, афзоиши табиии аҳолӣ, кӯчонидани сокинон аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ва обод кардани заминҳои нав ба роҳ монда мешавад.
Бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ, ҳукумат заминҳои навро барои сохтмони соҳаи истиқоматӣ ҷудо мекунад, ки ин боиси пайдоиши маҳаллаҳо ва деҳаҳои нав мегардад.
Дар деҳаҳои навтаъсис аз ҳисоби давлат ва соҳибкорон муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо ва хатҳои оби нӯшокӣ сохта мешаванд.
Ин раванд қисме аз барномаҳои давлатӣ барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум дар кӯҳистон ва минтақаҳои дурдаст ба шумор меравад.