https://sputnik.tj/20260912/sohibistiqloli-tojikiston-dehai-tasis-1080373241.html
Дар даврони соҳибистиқлоли дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис ёфтааст
Дар даврони соҳибистиқлоли дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ, ҳукумат заминҳои навро барои сохтмони соҳаи истиқоматӣ ҷудо мекунад, ки ин боиси пайдоиши маҳаллаҳо ва деҳаҳои нав мегардад
2026-09-12T17:13+0500
2026-09-12T17:13+0500
2026-09-12T17:13+0500
дар тоҷикистон
деҳа
мақомот
истиқлолият
таъсис
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070415954_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_5301eb3dd76b54499f843a1aeb0d385d.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 182 деҳаи нав бунёд ёфт.Ба иттилои ин Кумита шумораи аҳолии онҳо 101 ҳазору 383 нафарро ташкил дода, дар онҳо 10 муассисаи томактабӣ, 83 муассисаи таълимӣ ва 70 бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд.Аз шумораи умумии аҳолии ин деҳаҳо 71 ҳазору 160 нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд, ки 70,2%-ро ташкил медиҳад.Ба гуфтаи мақомот таъсиси деҳаҳои нав дар Тоҷикистон асосан ба хотири танзими ҳудудӣ, афзоиши табиии аҳолӣ, кӯчонидани сокинон аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ва обод кардани заминҳои нав ба роҳ монда мешавад.Бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ, ҳукумат заминҳои навро барои сохтмони соҳаи истиқоматӣ ҷудо мекунад, ки ин боиси пайдоиши маҳаллаҳо ва деҳаҳои нав мегардад.Дар деҳаҳои навтаъсис аз ҳисоби давлат ва соҳибкорон муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо ва хатҳои оби нӯшокӣ сохта мешаванд.Ин раванд қисме аз барномаҳои давлатӣ барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум дар кӯҳистон ва минтақаҳои дурдаст ба шумор меравад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/54099
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070415954_71:0:1210:854_1920x0_80_0_0_26ef808b316fd861715904d4a5d6d3bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, деҳа, мақомот, истиқлолият, таъсис, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, деҳа, мақомот, истиқлолият, таъсис, иҷтимоъ
Дар даврони соҳибистиқлоли дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис ёфтааст
Бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ, ҳукумат заминҳои навро барои сохтмони соҳаи истиқоматӣ ҷудо мекунад, ки ин боиси пайдоиши маҳаллаҳо ва деҳаҳои нав мегардад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 182 деҳаи нав бунёд ёфт.
Ба иттилои ин Кумита шумораи аҳолии онҳо 101 ҳазору 383 нафарро ташкил дода, дар онҳо 10 муассисаи томактабӣ, 83 муассисаи таълимӣ ва 70 бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд.
Аз шумораи умумии аҳолии ин деҳаҳо 71 ҳазору 160 нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд, ки 70,2%-ро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи мақомот таъсиси деҳаҳои нав дар Тоҷикистон асосан ба хотири танзими ҳудудӣ, афзоиши табиии аҳолӣ, кӯчонидани сокинон аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ва обод кардани заминҳои нав ба роҳ монда мешавад.
Бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ, ҳукумат заминҳои навро барои сохтмони соҳаи истиқоматӣ ҷудо мекунад, ки ин боиси пайдоиши маҳаллаҳо ва деҳаҳои нав мегардад.
Дар деҳаҳои навтаъсис аз ҳисоби давлат ва соҳибкорон муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо ва хатҳои оби нӯшокӣ сохта мешаванд.
Ин раванд қисме аз барномаҳои давлатӣ барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум дар кӯҳистон ва минтақаҳои дурдаст ба шумор меравад.