https://sputnik.tj/20250904/million-sayyoh-khorij-tojikiston-1070832738.html
Миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардааст
Миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Сол то сол теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ки барои гардишгарӣ ба Тоҷикистон меоянд, аз ҷумла дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти кишвар, афзоиш меёбад
2025-09-04T09:28+0500
2025-09-04T09:28+0500
2025-09-04T09:28+0500
сайёҳӣ
дар тоҷикистон
гардишгарӣ
душанбе
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/01/1069645756_0:32:2048:1184_1920x0_80_0_0_83e8fb8e639292ed6ef0532384bb87e2.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Аз моҳи январ то июли соли ҷорӣ беш аз 933 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд.Дар ин бора, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Рустам Холматиён зимни рӯнамоии портали сайёҳии шаҳри Душанбе гузориш дод.Ба иттилои манбаъ, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 33% зиёд аст. Ба гуфтаи вай, сол то сол теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти кишвар, афзоиш меёбад. Вай афзуд, саҳми бахши гардишгарӣ дар иқтисоди Тоҷикистон низ афзоиш меёбад. Ҳамин тариқ, туризм аллакай 3,5%-и ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад ва тибқи нақшаҳои мақомоти кишвар ин рақам бояд то соли 2030 ба 8% расонида шавад, қайд кард Холматиён. Холматиён ҳамчунин сайёҳиро аз авлавиятҳои сиёсати иқтисодии мақомоти Тоҷикистон унвон кард.Ин дар ҳолест, ки теъдоди сайёҳон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон беш аз 2000% афзоиш ёфт.Дар нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷумҳурии ҳамсоя 48 ҳазору 275 нафар бо мақсади сайёҳӣ вориди кишвар шудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта, ин нишондод 23 маротиба камтар – ҳамагӣ 2096 нафарро ташкил дода буд.
https://sputnik.tj/20250903/dushanbe-portal-sayyohi-1070824056.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/01/1069645756_318:0:1897:1184_1920x0_80_0_0_f9a9ae27e2d95ee98e905ad7e21bc2cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гардишгарӣ, тоҷикистон, рушд
гардишгарӣ, тоҷикистон, рушд
Миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардааст
Сол то сол теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ки барои гардишгарӣ ба Тоҷикистон меоянд, аз ҷумла дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти кишвар, афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Аз моҳи январ то июли соли ҷорӣ беш аз 933 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд.
Дар ин бора, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Рустам Холматиён зимни рӯнамоии портали сайёҳии шаҳри Душанбе гузориш дод.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 33% зиёд аст.
Ба гуфтаи вай, сол то сол теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти кишвар, афзоиш меёбад.
"Танҳо дар ҳафт моҳи соли 2025 ин шумора (теъдоди сайёҳони хориҷӣ - шарҳ аз идора ) ба 933 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,1% зиёд аст", - гуфт Холматиён.
Вай афзуд, саҳми бахши гардишгарӣ дар иқтисоди Тоҷикистон низ афзоиш меёбад.
Ҳамин тариқ, туризм аллакай 3,5%-и ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад ва тибқи нақшаҳои мақомоти кишвар ин рақам бояд то соли 2030 ба 8% расонида шавад, қайд кард Холматиён.
Холматиён ҳамчунин сайёҳиро аз авлавиятҳои сиёсати иқтисодии мақомоти Тоҷикистон унвон кард.
Ин дар ҳолест, ки теъдоди сайёҳон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон беш аз 2000% афзоиш ёфт.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷумҳурии ҳамсоя 48 ҳазору 275 нафар бо мақсади сайёҳӣ вориди кишвар шудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта, ин нишондод 23 маротиба камтар – ҳамагӣ 2096 нафарро ташкил дода буд.