Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Парлумони Украина эълон кард, ки кишвар барои пардохти маоши низомиён маблағи кофӣ надорад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкФлаг Украины, поднятый у здания Верховной рады.
Флаг Украины, поднятый у здания Верховной рады. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2026
Обуна шудан
Вакили Радаи Украина Ивченко гуфт, ки кишвар барои пардохти маоши низомиён маблағи кофӣ надорад
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Вадим Ивченко, вакили парлумони Украина (Верховна Рада), изҳор дошт, ки Украина барои пардохти маоши низомиён маблағи кофӣ надорад ва вазъи буҷетӣ фалокатбор аст.
Чанде пеш Олга Василевская-Смаглюк, вакили дигари парлумон, эълон кард, ки Украина маблағгузории ҳамаи бахшҳоро, ба истиснои пардохтҳои иҷтимоӣ, маоши кормандони бахши давлатӣ ва хароҷоти Қувваҳои Мусаллаҳ, қатъ мекунад.
Қаблан, вакили парлумон Богдан Китсак хабар дода буд, ки барои пардохти маоши сарбозон дар Украина тақрибан як триллион гривна (ё 22,4 миллиард доллар) намерасад.
Расонаҳои украинӣ аз қавли Ивченко навиштанд, ки "Украина ҳатто барои ду моҳи пардохти маоши низомиён маблағ надорад".
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров гуфт, сафарбаркунии маҷбурӣ дар Украина ба зудӣ ба занон мерасад
Ба гуфтаи вай, Украина бо "фалокати буҷетӣ" рӯбарӯ шудааст ва барои рафъи ин камбудиҳо ворид кардани тағйирот ба буҷет ва кумаки шарикони ғарбӣ зарурат дорад.
Чанд соли охир Украина буҷетҳоро бо касри рекордӣ таҳия мекунад ва барои пӯшонидани ин норасоӣ ба кумаки Ғарб такя менамояд. Буҷети кишвар барои соли ҷорӣ бо касри 1,9 триллион гривна (45 миллиард доллар) қабул шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0