Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров гуфт, сафарбаркунии маҷбурӣ дар Украина ба зудӣ ба занон мерасад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2026
Обуна шудан
Лавров қайд кард, ки дар Украина одамонро маҷбуран бе даъватнома ё расмиёти расмии сафарбаркунӣ ба ҷабҳа мефиристанд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, ки сафарбаркунии маҷбурӣ дар Украина ба зудӣ ба занон таъсир мерасонад.
Ӯ дар муҳокимаи мизи мудавваре дар бораи вазъият дар Украина суханронӣ кард.
Ба гуфтаи Лавров, мардонро дар шаҳрҳои Украина дар кӯчаҳо боздошт ва бе даъватнома ё расмиёти расмии сафарбаркунӣ ба ҷаӣҳа мефиристанд.
"Шумо мунтазам пахшҳои вазъиятеро мебинед, ки фаъолияти ба истилоҳ "одамгирандагон"-ро нишон медиҳанд - онҳое, ки ҷавонон ва ҳатто онҳоеро, ки он қадар ҷавон нестанд, дар кӯчаҳои Киев ва дигар шаҳрҳои Украина ҷамъ мекунанд ва онҳоро ба мошинҳо мекашанд, то маҷбуран ба ҷабҳа бе ягон даъватнома ё расмиёти расмии сафарбаркунӣ фиристода шаванд. Ман шубҳа надорам, ки ин ба зудӣ ба занон таъсир мерасонад", - гуфт Лавров.
Губернатор Херсонской области Владимир Сальдо во время интервью Международной медиагруппе Россия сегодня в студии радио Sputnik. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Салдо: Ихроҷи шаҳрвандони Украина аз Аврупо ба артиши Украина кумак намекунад
Қаблан, сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷии Русия Родион Мирошник изҳор дошт, ки тақрибан 70-75% ҳайати шахсии артиши Украина маҷбуран сафарбар карда шудаанд.
Вазъияти низомӣ дар Украина аз 24 феврали соли 2022 то кунун давом дорад. Он вақт Зеленский фармонеро дар бораи сафарбаркунии умумӣ имзо карда буд, ки ахиран барои 90 рӯз тамдид шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0