Мақомот сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуш дар бахши саноат ва кӯҳкориро гуфт

© Sputnik / Павел Колядин / Гузариш ба медиабонкШахта им. Губкина комбината "КМАруда". Иллюстративное фото
Шахта им. Губкина комбината КМАруда. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2026
Обуна шудан
Мақомот рух додани ҳодисаҳои нохуш дар бахши саноат ва соҳаи кӯҳкориро ба бемасъулиятии муҳандисон, сарфи назар кардани қоидаҳои бехатарӣ ва норасоии мутахассисон рабт медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik.Тавре Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Исмоил Вализода хабар додааст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои бехатарӣ дар кишвар дар корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда дар соли ҷорӣ 32 ҳодисаи нохуш рух дод.
Оқои Вализода таъкид кардааст, ки бар асари ин ҳодисаҳо 21 кас ҳалок шуда, 19 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.
“Бо мақсади муайян намудани омилҳои ба вуҷуд омадани чунин ҳодисаҳо аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ санҷишҳои дахлдор гузаронда, нисбат ба қонунвайронкунандагон чораҳои маъмурӣ андешида шуд”, – гуфт Исмоил Вализода.
Сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои нохушро мутахассисони Хадамот, пеш аз ҳама, ба бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, сарфи назар гаштани қоидаҳои бехатарии саноативу технологияи коркарди конҳо, набудани назорати техникӣ, таъмин набудан ба воситаи ҳифзи инфиродӣ, сари вақт нагузарондани омӯзиш ва дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ, ҳамчунин, норасоии мутахассисони соҳибихтисоси соҳа рабт медиҳанд.
Сотрудники предприятия в шахте по добыче железной руды на территории Яковлевского горно-обогатительного комбината компании Северсталь. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2026
Кори хатарнок: Ҳалокату ҷароҳатҳо дар корхонаҳои Тоҷикистон
Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод омилҳои техникӣ ва табиӣ ин резиши ҷинсҳои кӯҳӣ, фурӯравии нақбҳо, ҷамъшавии газҳои заҳрнок, лағжиши нишебиҳои кон, афтидани бор ҳангоми кори кранҳо, шикастани ресмонҳо ва механизмҳои борбардор, аз меъёр зиёд бор кардани кранҳо ва кафидани зарфҳои зери фишор коркунанда мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0