https://sputnik.tj/20260707/kori-khatarnok-halokat-jarohat-korkhonaho-tojikiston-1078852617.html
Кори хатарнок: Ҳалокату ҷароҳатҳо дар корхонаҳои Тоҷикистон
Кори хатарнок: Ҳалокату ҷароҳатҳо дар корхонаҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар корхонаҳои Тоҷикистон беш аз сӣ нафар, аз ҷумла панҷ шаҳрванди хориҷӣ, ҷони худро аз даст дода ё захмӣ шудаанд
2026-07-07T18:41+0500
2026-07-07T18:41+0500
2026-07-08T16:31+0500
дар тоҷикистон
саноат
ҳалокат
ҳодисаи нохуш
кон
коргоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101342/36/1013423677_0:85:3027:1788_1920x0_80_0_0_1946e9b1a96112115109cc243bdea127.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл - Sputnik. Аксари қурбониён шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ҳарчанд шуморе аз шаҳрвандони хориҷӣ низ миёни онҳо ҳастанд.Ардашер Мирзозода, муовини Сардори Хадамоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳамаи ин ҳодисаҳои нохуш ҳангоми иҷрои кор рух додаанд."Сабабҳои асосии ин ҳодисаҳо бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беэътиноии худи коргарон ҳангоми фаъолият дар иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ва технологияҳои истихроҷи маъдан, сустии назорати техникӣ, набудани воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва инчунин сари вақт баргузор накардани омӯзишу дастурҳои марбут ба техникаи бехатарӣ мебошанд.", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи ӯ, омилҳои техникӣ ва табиӣ низ дар рух додани ин ҳодисаҳо нақш доранд, аз ҷумла резиши сангу тӯдаҳои маъданӣ, фурӯ рехтани нақбҳо, ҷамъшавии газҳои заҳрнок, лағзиши нишебиҳои кон, афтидани бор ҳангоми кори кранҳо ва канда шудани симҳои таҷҳизоти борбардор."Яке аз омилҳои дигар камбуди мутахассисони соҳа мебошад, яъне нафароне, ки вазифаи худро ба таври касбӣ иҷро карда тавонанд.", - афзуд Мирзозода.Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки дар ин муддат се мавриди ҳалокати шаҳрвандони хориҷӣ ва ду мавриди захмӣ шудани онҳо ба қайд гирифта шудааст."Як шаҳрванди Эрон, корманди ширкати "Садди Ориёно", ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун фаъолият дорад, ду шаҳрванди Чин, ки яке корманди Комбинати коркарди маъдани Адрасмон ва дигаре корманди ширкати "Дидор", фаъол дар кони Шӯроби ширкати "Ангишт"-и шаҳри Исфара буд, ҳангоми кор ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин як шаҳрванди Чин, корманди ширкати "Се стандарти куҳкорӣ", ва як шаҳрванди Русия дар Боғи фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ захмӣ шудаанд", гуфт ӯ.Бар асоси маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2026 дар корхонаҳо ва иншооти таҳти назорати Хадамоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 32 ҳодисаи нохуш рух додааст, ки дар натиҷаи онҳо 21 нафар ҷони худро аз даст дода, 19 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
https://sputnik.tj/20260707/halokati-korkhonahoi-sanoati-va-kuhkorii-tojikiston-1078845073.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101342/36/1013423677_138:0:2867:2047_1920x0_80_0_0_fa4e7dd8c2a09f0293db5900617016d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саноат, ҳалокат, ҳодисаи нохуш, кон, коргоҳ
дар тоҷикистон, саноат, ҳалокат, ҳодисаи нохуш, кон, коргоҳ
Кори хатарнок: Ҳалокату ҷароҳатҳо дар корхонаҳои Тоҷикистон
18:41 07.07.2026 (Навсозишуда: 16:31 08.07.2026) Эксклюзив
Дар корхонаҳои Тоҷикистон беш аз сӣ нафар, аз ҷумла панҷ шаҳрванди хориҷӣ, ҷони худро аз даст дода ё захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 8 июл - Sputnik. Аксари қурбониён шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ҳарчанд шуморе аз шаҳрвандони хориҷӣ низ миёни онҳо ҳастанд.
Ардашер Мирзозода, муовини Сардори Хадамоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳамаи ин ҳодисаҳои нохуш ҳангоми иҷрои кор рух додаанд.
"Сабабҳои асосии ин ҳодисаҳо бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беэътиноии худи коргарон ҳангоми фаъолият дар иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ва технологияҳои истихроҷи маъдан, сустии назорати техникӣ, набудани воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва инчунин сари вақт баргузор накардани омӯзишу дастурҳои марбут ба техникаи бехатарӣ мебошанд.", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, омилҳои техникӣ ва табиӣ низ дар рух додани ин ҳодисаҳо нақш доранд, аз ҷумла резиши сангу тӯдаҳои маъданӣ, фурӯ рехтани нақбҳо, ҷамъшавии газҳои заҳрнок, лағзиши нишебиҳои кон, афтидани бор ҳангоми кори кранҳо ва канда шудани симҳои таҷҳизоти борбардор.
"Яке аз омилҳои дигар камбуди мутахассисони соҳа мебошад, яъне нафароне, ки вазифаи худро ба таври касбӣ иҷро карда тавонанд.", - афзуд Мирзозода.
Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки дар ин муддат се мавриди ҳалокати шаҳрвандони хориҷӣ ва ду мавриди захмӣ шудани онҳо ба қайд гирифта шудааст.
"Як шаҳрванди Эрон, корманди ширкати "Садди Ориёно", ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун фаъолият дорад, ду шаҳрванди Чин, ки яке корманди Комбинати коркарди маъдани Адрасмон ва дигаре корманди ширкати "Дидор", фаъол дар кони Шӯроби ширкати "Ангишт"-и шаҳри Исфара буд, ҳангоми кор ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин як шаҳрванди Чин, корманди ширкати "Се стандарти куҳкорӣ", ва як шаҳрванди Русия дар Боғи фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ захмӣ шудаанд", гуфт ӯ.
Бар асоси маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2026 дар корхонаҳо ва иншооти таҳти назорати Хадамоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 32 ҳодисаи нохуш рух додааст, ки дар натиҷаи онҳо 21 нафар ҷони худро аз даст дода, 19 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.