https://sputnik.tj/20260916/kishovarzon-jamovarii-pakhta-nafarro-jalb-1080450981.html
Кишоварзон барои ҷамъоварии пахта 70 ҳазор нафарро ҷалб намудаанд
Кишоварзон барои ҷамъоварии пахта 70 ҳазор нафарро ҷалб намудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта аз сӯйи кишоварзон бо маром идома дорад
2026-09-16T10:41+0500
2026-09-16T10:41+0500
2026-09-16T11:23+0500
дар тоҷикистон
пахта
кишоварзӣ
ҷамъоварӣ
вазорати кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/17/1071442201_87:154:1172:765_1920x0_80_0_0_b99990a1d86c77e05d5ebd7f3ca797ee.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Кишоварзони мамлакат то 14 сентябри соли равон 39 ҳазору 190 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.Дар ин бора вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои вазорат, барои ҷамъоварии пахта наздики 70 ҳазор нафар чинакчиён ба кор сафарбар гардидаанд.“Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияҳо ва вилоятҳо вазифадор гардидаанд, ки дастранҷи марди деҳқонро беталаф ҷамъоварӣ намоянд”, - қайд кардааст вазорати кишоварзӣ.Тибқи нақша, соли равон кишоварзони Тоҷикистон беш аз 394 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Соли 2025 нақшаи ҷамъоварии пахта 390 ҳазор тонна пешбинӣ гардида буд.Ёдовар мешавем, ки соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медод.Бояд гуфт, ки бахши пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.Тибқи таҳлили иқтисодчиён, аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 350-400 метри мураббаъ матоъ ва тақрибан 270 кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбад, аз 34 то 40 фоиз баромади нах дорад.
https://sputnik.tj/20260903/sughd-jamovarii-pakhta-kombaynho-oghoz-1080154984.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/17/1071442201_160:106:1082:797_1920x0_80_0_0_a49955c7a78604f6d7aa91763ee7aa26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, пахта, кишоварзӣ, ҷамъоварӣ, вазорати кишоварзӣ
дар тоҷикистон, пахта, кишоварзӣ, ҷамъоварӣ, вазорати кишоварзӣ
Кишоварзон барои ҷамъоварии пахта 70 ҳазор нафарро ҷалб намудаанд
10:41 16.09.2026 (Навсозишуда: 11:23 16.09.2026) Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта аз сӯйи кишоварзон бо маром идома дорад
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Кишоварзони мамлакат то 14 сентябри соли равон 39 ҳазору 190 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.
Дар ин бора вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, барои ҷамъоварии пахта наздики 70 ҳазор нафар чинакчиён ба кор сафарбар гардидаанд.
“Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияҳо ва вилоятҳо вазифадор гардидаанд, ки дастранҷи марди деҳқонро беталаф ҷамъоварӣ намоянд”, - қайд кардааст вазорати кишоварзӣ.
Тибқи нақша, соли равон кишоварзони Тоҷикистон беш аз 394 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Соли 2025 нақшаи ҷамъоварии пахта 390 ҳазор тонна пешбинӣ гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медод.
Бояд гуфт, ки бахши пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Тибқи таҳлили иқтисодчиён, аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 350-400 метри мураббаъ матоъ ва тақрибан 270 кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбад, аз 34 то 40 фоиз баромади нах дорад.