https://sputnik.tj/20260903/sughd-jamovarii-pakhta-kombaynho-oghoz-1080154984.html
Дар Суғд ҷамъоварии пахта бо комбайнҳо оғоз ёфт
Дар Суғд ҷамъоварии пахта бо комбайнҳо оғоз ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Пахтакорони минтақаи шимолӣ интизор доранд, ки бори аввал дар тӯли солҳои зиёд бо истифода аз техника пахтаи бештар ҷамъоварӣ кунанд
2026-09-03T18:54+0500
2026-09-03T18:54+0500
2026-09-03T18:54+0500
дар тоҷикистон
пахта
ҷамъоварӣ
суғд
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/01/1071657106_0:73:1163:727_1920x0_80_0_0_6af45b7cb6742d696b64de5690b4b5c5.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Аввалин тоннаҳои пахта аз ҳосили нав ба нуқтаҳои ҷамъоварӣ дар вилояти Суғд интиқол дода шуданд. Ба ҷамъоварии пахта дар ҳамаи ноҳияҳои пахтакор шурӯъ карданд.Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз Идораи кишоварзии вилоят хабар доданд.Мақомот қайд карданд, ки имсол бори аввал дар тӯли солҳои зиёд, тақрибан 30 мошини пахтачин ба саҳро сафарбар карда мешаванд. Онҳо барои пахтачинӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор-Расулов, Спитамен ва Зафаробод истифода мешаванд. Ноҳияи Спитамен аввалин шуда,бо истифода аз техникаи шашқабата, ҷамъоварии пахтаро оғоз кард. Як мошин метавонад дар як рӯз то 7 тонна пахта ҷамъоварӣ кунад.Ба гуфтаи коршиносон, шароити мусоиди обу ҳаво дар мавсими кишт имкон дод, ки имсол ҳосили хуб ба даст оварда шавад. Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, қайд кард, ки деҳқонон бештар аз навъҳои умедбахш ва технологияҳои пешрафта истифода мебаранд, аз ин рӯ онҳо ба ҳосили хуб умед баста, ният доранд, ки онро пеш аз фарорасии ҳавои сард ҷамъоварӣ кунанд.Ба гуфтаи ӯ, ҳосилнокии мошинҳоро метавон афзоиш дод, аммо барои ин кишти махсус дар майдонҳои васеъҳаҷм зарур аст.Тибқи маълумоти Сарраёсати оҷонсии омори Тоҷикистон соли 2025 дар вилояти Суғд 118,6 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки қариб 13 ҳазор тонна камтар аз нақша аст. Мақомот тахмин мезананд, ки барои ҷамъоварии 130 ҳазор тонна пахта дар соли 2026 шароити фароҳам оварда шудааст.
https://sputnik.tj/20260820/tojikiston-pakhta-jamovari-1079788463.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/01/1071657106_27:0:1091:798_1920x0_80_0_0_ae87eed4dce1c0422c0cf36067baee01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, пахта, ҷамъоварӣ, суғд, кишоварзӣ
дар тоҷикистон, пахта, ҷамъоварӣ, суғд, кишоварзӣ
Дар Суғд ҷамъоварии пахта бо комбайнҳо оғоз ёфт
Пахтакорони минтақаи шимолӣ интизор доранд, ки бори аввал дар тӯли солҳои зиёд бо истифода аз техника пахтаи бештар ҷамъоварӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Аввалин тоннаҳои пахта аз ҳосили нав ба нуқтаҳои ҷамъоварӣ дар вилояти Суғд интиқол дода шуданд. Ба ҷамъоварии пахта дар ҳамаи ноҳияҳои пахтакор шурӯъ карданд.
Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз Идораи кишоварзии вилоят хабар доданд.
Мақомот қайд карданд, ки имсол бори аввал дар тӯли солҳои зиёд, тақрибан 30 мошини пахтачин ба саҳро сафарбар карда мешаванд. Онҳо барои пахтачинӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор-Расулов, Спитамен ва Зафаробод истифода мешаванд. Ноҳияи Спитамен аввалин шуда,бо истифода аз техникаи шашқабата, ҷамъоварии пахтаро оғоз кард. Як мошин метавонад дар як рӯз то 7 тонна пахта ҷамъоварӣ кунад.
Ба гуфтаи коршиносон, шароити мусоиди обу ҳаво дар мавсими кишт имкон дод, ки имсол ҳосили хуб ба даст оварда шавад. Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, қайд кард, ки деҳқонон бештар аз навъҳои умедбахш ва технологияҳои пешрафта истифода мебаранд, аз ин рӯ онҳо ба ҳосили хуб умед баста, ният доранд, ки онро пеш аз фарорасии ҳавои сард ҷамъоварӣ кунанд.
"Як мошини пахтачинӣ, агар самаранок истифода шавад, метавонад то 50-60 нафарро иваз кунад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҳосилро зудтар ҷамъоварӣ кунем ва заминро то мавсими кишти оянда дам диҳем ва ниёз пахтачинии одамон, бахусус кӯдакон, тадриҷан аз байн барем", - шарҳ дод дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода.
Ба гуфтаи ӯ, ҳосилнокии мошинҳоро метавон афзоиш дод, аммо барои ин кишти махсус дар майдонҳои васеъҳаҷм зарур аст.
Тибқи маълумоти Сарраёсати оҷонсии омори Тоҷикистон соли 2025 дар вилояти Суғд 118,6 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки қариб 13 ҳазор тонна камтар аз нақша аст. Мақомот тахмин мезананд, ки барои ҷамъоварии 130 ҳазор тонна пахта дар соли 2026 шароити фароҳам оварда шудааст.