Тоҷикистон нақша дорад, ки истеҳсоли сементро афзоиш диҳад

© Sputnik / Александр КряжевПогрузка готового цемента в мешках по 1000 кг на заводе "Топкинский цемент" в Кемеровской области.
Погрузка готового цемента в мешках по 1000 кг на заводе Топкинский цемент в Кемеровской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2026
Обуна шудан
Тибқи нақша тайи солҳои 2027-2029 ҷумҳурӣ қасд дорад, ки содиротро аз 700 то 900 ҳазор тонна афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Тоҷикистон ният дорад соли оянда истеҳсоли сементро афзоиш диҳад.
Тибқи дурнамои тасдиқшудаи Ҳукумати кишвар, ҳаҷми истеҳсоли семент барои соли оянда қариб 5,8 миллион тонна пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба нақшаи соли ҷорӣ тақрибан 7 фоиз бештар мебошад.
Ҳамчунин тибқи нақша қарор аст, ки ҷумҳурӣ истеҳсолотро дар соли 2028 ба 6,2 млн тонна ва дар соли 2029 ба 6,7 млн тонна афзоиш диҳад.
Афзоиши истеҳсол ба рушди соҳаи сохтмон ва зиёд шудани талабот ба масолеҳи сохтмонӣ марбут дониста мешавад.
Ҳамзамон қарор аст, ки кишвар содиротро низ дар баробари истеҳсол бештар созад.
Тибқи нақша тайи солҳои 2027-2029 ҷумҳурӣ қасд дорад, ки содиротро аз 700 то 900 ҳазор тонна афзоиш диҳад.
Тибқи додаҳои Оҷонсии омори кишвар, дар моҳҳои январ–июли соли 2026 дар кишвар аллакай беш аз 3,1 млн тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4% зиёд мебошад.
Эмомали Рахмон дал старт строительным работам на предприятии по производству цемента в Варзобском районе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
“Буҳрони семент” намешавад: Бунёди ду корхонаи азими сементбарорӣ дар наздикии Душанбе
Дар солҳои охир иқтидори истеҳсолии семент дар Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст, аммо буҳрони моҳи майи соли ҷорӣ аз камчиниву гаронии он таваҷҷуҳи ҳукуматро ба ин самт якбора дигар кард.
Ҳоло дар кишвар якчанд корхонаҳои бузурги сементбарорӣ фаъолият доранд ва барои сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ низ нақшаҳо вуҷуд доранд. Тибқи маълумоти нашршуда, то соли 2029 сохтмони чор корхонаи нави сементбарорӣ бо иқтидори умумии тақрибан 6 миллион тонна дар як сол пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи асосии афзоиши истеҳсол таъмини бозори дохилӣ, кам кардани вобастагӣ аз воридоти масолеҳи сохтмонӣ ва фароҳам овардани имконият барои содироти бештари маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0