https://sputnik.tj/20260915/gharb-etirof-rusiya-istehsoli-siloh-raqibonash-pesh-guzashtaast-1080426368.html
Ғарб эътироф мекунад, ки Русия дар истеҳсоли силоҳ аз рақибонаш пеш гузаштааст
Ғарб эътироф мекунад, ки Русия дар истеҳсоли силоҳ аз рақибонаш пеш гузаштааст
Sputnik Тоҷикистон
Таҳияи силоҳҳои нав ва нисбатан арзон қобилияти кишварро барои мутобиқшавӣ ва навоварӣ дар соҳаи низомӣ нишон медиҳад
2026-09-15T11:30+0500
2026-09-15T11:30+0500
2026-09-15T11:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
ғарб
аслиҳа
истеҳсол
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1d/1078664460_0:0:3069:1726_1920x0_80_0_0_6491f6156f58aadbc0e1487aeededddc.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Русия дар истеҳсоли силоҳҳои муосир ва камхарҷ аз рақибони худ пеш гузаштааст.Дар ин бора The Wall Street Journal хабар медиҳад.Дар мақола бартариҳои системаҳое, ки айни замон дар арсенали Русия мавҷуданд, таъкид шудааст.Дар мақола гуфта мешавад, ки ин навъи силоҳҳо бо таҷҳизоти электронии пешрафта муҷаҳҳаз буда, имкони дақиқ муайян кардани ҳадаф ва пешгирӣ аз боздошт (ё сарнагуншавӣ)-ро фароҳам меоранд.Илова бар ин, дар гузориш қайд шудааст, ки эҷоди силоҳҳои нав ва нисбатан арзон қобилияти Русияро барои мутобиқшавӣ ва навоварӣ дар бахши низомӣ нишон медиҳад.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз ҷониби режими Киев мавриди озор ва наслкушӣ қарор гирифтаанд", муайян кардааст.Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёт озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат диҳад.Кишварҳои ғарбӣ расман иштироки худро дар низоъи Украина рад мекунанд, аммо ба таъмини Қувваҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кардааст, ки ҳар гуна интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳадафҳои қонунии Русия табдил хоҳад ёфт.Ӯ изҳор доштааст, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".Ҳамзамон, Маскав борҳо омодагии худро барои баррасии роҳи ҳалли низоъ изҳор доштааст, дар ҳоле ки Киев гузаронидани музокиротро қонунан манъ кардааст.
https://sputnik.tj/20260913/izhorotit-tundi-olmon-sulh-ukraina-1080391500.html
русия
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1d/1078664460_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_1e4c3cd430f41155dcf3b00c3d0bb48d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ғарб, аслиҳа, истеҳсол, амалиёти вижа
русия, ғарб, аслиҳа, истеҳсол, амалиёти вижа
Ғарб эътироф мекунад, ки Русия дар истеҳсоли силоҳ аз рақибонаш пеш гузаштааст
Таҳияи силоҳҳои нав ва нисбатан арзон қобилияти кишварро барои мутобиқшавӣ ва навоварӣ дар соҳаи низомӣ нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Русия дар истеҳсоли силоҳҳои муосир ва камхарҷ аз рақибони худ пеш гузаштааст.
Дар ин бора The Wall Street Journal хабар медиҳад.
Дар мақола бартариҳои системаҳое, ки айни замон дар арсенали Русия мавҷуданд, таъкид шудааст.
"Дронҳои "Геран" ва мушакҳои болдори "Бандерол" бозгӯи онанд, ки Русия ҳанӯз ҳам захираҳо ва занҷирҳои таъминотиро барои муқобила бо таҳдидҳои нав дар ихтиёр дорад",- қайд мекунад нашрия.
Дар мақола гуфта мешавад, ки ин навъи силоҳҳо бо таҷҳизоти электронии пешрафта муҷаҳҳаз буда, имкони дақиқ муайян кардани ҳадаф ва пешгирӣ аз боздошт (ё сарнагуншавӣ)-ро фароҳам меоранд.
Илова бар ин, дар гузориш қайд шудааст, ки эҷоди силоҳҳои нав ва нисбатан арзон қобилияти Русияро барои мутобиқшавӣ ва навоварӣ дар бахши низомӣ нишон медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз ҷониби режими Киев мавриди озор ва наслкушӣ қарор гирифтаанд", муайян кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёт озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат диҳад.
Кишварҳои ғарбӣ расман иштироки худро дар низоъи Украина рад мекунанд, аммо ба таъмини Қувваҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кардааст, ки ҳар гуна интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳадафҳои қонунии Русия табдил хоҳад ёфт.
Ӯ изҳор доштааст, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Ҳамзамон, Маскав борҳо омодагии худро барои баррасии роҳи ҳалли низоъ изҳор доштааст, дар ҳоле ки Киев гузаронидани музокиротро қонунан манъ кардааст.