https://sputnik.tj/20260913/izhorotit-tundi-olmon-sulh-ukraina-1080391500.html
Изҳоротит тунди Олмон дар бораи сулҳ дар Украина
Изҳоротит тунди Олмон дар бораи сулҳ дар Украина
Sputnik Тоҷикистон
Вакили парлумон аз ҳизби Алтернатив барои Олмон гуфт, ки Киев бояд омода бошад, ки барои музокирот чизе пешниҳод кунад
2026-09-13T18:44+0500
2026-09-13T18:44+0500
2026-09-13T18:44+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
киев
олмон
изҳорот
сиёсат
низоъ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/13/1068281380_0:176:3035:1884_1920x0_80_0_0_c1e502223dc33c13fa466449fd610c35.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Узви ҳизби Алтернатив барои Олмон (AfD) дар Бундестаг Рюдигер Лукасен ба рӯзномаи “Neue Zürcher Zeitung” гуфт, ки Украина бояд омода бошад, ки дар музокирот чизеро пешниҳод кунад."Ман мехоҳам фаҳмам, ки чӣ гуна Украина қасд дорад ин низоъро идома диҳад ва пеш аз ҳама, чӣ гуна онро хотима диҳад. Ҳадафи расмии Украина дар муқовимат барқарор кардани якпорчагии қаламрав аст. Аммо, ман мехоҳам фаҳмам, ки чӣ гуна аз нигоҳи Украина инро пас аз чоруним сол ба даст овардан мумкин аст ва хатти байни дипломатия ва истифодаи қувваи низомӣ дар куҷост. Агар шумо хоҳед, ки гуфтушунид кунед, шумо бояд омода бошед, ки чизеро пешниҳод кунед, ҳатто агар он дардовар бошад ҳам", - гуфт ӯ.Ин сиёсатмадор инчунин ҳадафи Киевро дар анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ ба Русия зери суол бурд. Вай бовар дорад, ки Берлин бояд аз сарпарастии режими Киев бо ҳисоби артиши худ даст кашад ва Аврупо бояд мустақилияти стратегии худро барқарор кунад.5 сентябр президенти Русия Владимир Путин бо фиристодаи вижаи Трамп Стивен Уиткофф ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер дар Кремл мулоқот кард.Мулоқот тақрибан се соат давом кард. Раҳбари Русия зарурати бартараф кардани ҳамаи сабабҳои аслии низоъро таъкид кард.Рӯзи дигар, музокиракунандагони амрикоӣ ба Киев рафтанд. Расонаҳои Украина хабар доданд, ки музокирот дар якчанд марҳила сурат гирифта, дар яке аз онҳо намояндагони Бритониё, Фаронса ва Олмон ширкат карданд.
https://sputnik.tj/20260912/peskov-peshguii-natija-muzokirot-ukraina-dushvor-1080372668.html
украина
киев
олмон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/13/1068281380_231:0:2960:2047_1920x0_80_0_0_cc4c5feb73dbb78a0f887f043eaf6ff9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, киев, олмон, изҳорот, сиёсат , низоъ, русия
украина, амалиёти вижа, киев, олмон, изҳорот, сиёсат , низоъ, русия
Изҳоротит тунди Олмон дар бораи сулҳ дар Украина
Вакили парлумон аз ҳизби Алтернатив барои Олмон гуфт, ки Киев бояд омода бошад, ки барои музокирот чизе пешниҳод кунад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Узви ҳизби Алтернатив барои Олмон (AfD) дар Бундестаг Рюдигер Лукасен ба рӯзномаи “Neue Zürcher Zeitung” гуфт, ки Украина бояд омода бошад, ки дар музокирот чизеро пешниҳод кунад.
"Ман мехоҳам фаҳмам, ки чӣ гуна Украина қасд дорад ин низоъро идома диҳад ва пеш аз ҳама, чӣ гуна онро хотима диҳад. Ҳадафи расмии Украина дар муқовимат барқарор кардани якпорчагии қаламрав аст. Аммо, ман мехоҳам фаҳмам, ки чӣ гуна аз нигоҳи Украина инро пас аз чоруним сол ба даст овардан мумкин аст ва хатти байни дипломатия ва истифодаи қувваи низомӣ дар куҷост. Агар шумо хоҳед, ки гуфтушунид кунед, шумо бояд омода бошед, ки чизеро пешниҳод кунед, ҳатто агар он дардовар бошад ҳам", - гуфт ӯ.
Ин сиёсатмадор инчунин ҳадафи Киевро дар анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ ба Русия зери суол бурд. Вай бовар дорад, ки Берлин бояд аз сарпарастии режими Киев бо ҳисоби артиши худ даст кашад ва Аврупо бояд мустақилияти стратегии худро барқарор кунад.
5 сентябр президенти Русия Владимир Путин бо фиристодаи вижаи Трамп Стивен Уиткофф ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер дар Кремл мулоқот кард.
Мулоқот тақрибан се соат давом кард. Раҳбари Русия зарурати бартараф кардани ҳамаи сабабҳои аслии низоъро таъкид кард.
Рӯзи дигар, музокиракунандагони амрикоӣ ба Киев рафтанд. Расонаҳои Украина хабар доданд, ки музокирот дар якчанд марҳила сурат гирифта, дар яке аз онҳо намояндагони Бритониё, Фаронса ва Олмон ширкат карданд.