Шонси дигар: дар Тоҷикистон муҳлати сабти ном барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо тамдид шуд

© SputnikПервый тур централизованных вступительных экзаменов в средние профессиональные и высшие учебные заведения
Первый тур централизованных вступительных экзаменов в средние профессиональные и высшие учебные заведения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2026
Обуна шудан
Шумораи зиёди довталабон муроҷиат карданд ва ҷойҳои иловагӣ фароҳам оварда шуданд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Тоҷикистон марҳилаи сеюми сабти ном барои имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳоро то 15 сентябр тамдид намуд.
Дар ин бора Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон эълон кард.
Ин тасмим дар пайи шумораи зиёди дархостҳои довталабоне гирифта шуд, ки мехоҳанд ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар дохил шаванд.
Инчунин, Марказ қайд кард, ки дар баъзе донишгоҳҳо ва коллеҷҳои Тоҷикистон барои довталабон ҷойҳои иловагӣ пайдо шудаанд.
Маркази тестӣ ба хоҳишмандон хотиррасон намуд, ки марказҳои сабти ном аз соати 8:00 то 17:00 фаъолият мекунанд.
Центр допобразования Россотрудничества в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2026
Маълум шуд, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсил вориди Русия шуданд
То имрӯз, пас аз марҳилаҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои дохилшавӣ, 93 500 нафар соҳиби ҷойи таҳсил шуданд, ки ин тақрибан 69%-и квотаи умумии қабулро ташкил медиҳад.
То охири моҳи август, донишгоҳҳо ва коллеҷҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 135 300 ҷой пешниҳод карда буданд, ки қисми зиёди онҳо барои хатмкунандагони синфи 11-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ шуда буд.
Илова бар ин, беш аз 3 500 довталаб дар марҳилаи иловагии қабул ҳуқуқи дохилшавиро ба даст оварданд, ки онҳо бояд ҳуҷҷатҳои худро то 1 сентябр пешниҳод мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, тақрибан 13 300 нафаре, ки қаблан соҳиби ҷойи таҳсил шуда буданд, ба муассисаҳои таълимии худ ҳозир нашуданд ва дар натиҷа ҷойи худро аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0