Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Итолиё ҳушдор доданд, ки таҳвили силоҳ ба Украина хатари ҷанги ҷаҳониро дорад

© AP / Andrii MarienkoУкраинские военнослужащие готовятся к учениям с боевым наземным беспилотником.
Украинские военнослужащие готовятся к учениям с боевым наземным беспилотником. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2026
Обуна шудан
Нерӯҳои мухолифи кишвар наметавонанд аз барномае, ки ба идомаи сиёсати хориҷии кунунии ҳукумат нигаронида шудааст, пуштибонӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Интиқоли силоҳ ба Украина боиси шиддат гирифтани вазъи низомӣ ва афзоиши хатари ҷанги сеюми ҷаҳонӣ мегардад.
Ин изҳоротро сарвазири пешини Итолиё Ҷузеппе Конте, раҳбари ҳизби мухолифи "Ҷунбиши панҷ ситора" (Five Star Movement), баён дошт.
Ӯ зарурати пешакӣ равшан кардани баъзе нуктаҳоро дар бораи пуштибонӣ аз Украина қайд кард.
"Зеро наметавонад чунин бошад, ки агар [раҳбари Ҳизби демократ Элли] Шлейн — ё ҳатто номзади дигар — дар интихобот пирӯз шавад, Киев барои шиддат бахшидан ба амалиёти низомӣ, ки моро рӯз то рӯз ба муноқишаи сеюми ҷаҳонӣ наздиктар мекунад, миқдори зиёди силоҳро дарёфт намояд. Ин масъала, такрор мекунам, бояд пешакӣ равшан ва мушаххас карда шавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, "Ҷунбиши панҷ ситора" наметавонад аз барномае, ки идомаи сиёсати хориҷии сарвазири Итолиё Ҷорҷия Мелониро дар назар дорад, пуштибонӣ кунад.
Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки як қатор сиёсатмадорони ғарбӣ идомаи интиқоли силоҳ ва маблағ ба режими Киевро идома дода, амалан ҳамчун иштирокчиёни мустақими низоъ амал мекунанд.
"Мо наметавонем аз он ки як қатор сиёсатмадорони ғарбӣ нақшаҳои расонидани шикасти стратегӣ ба Русияро дар сар доранд, интиқоли силоҳ ва маблағро ба режими кунунии Киев идома медиҳанд ва кумаки низомӣ-техникӣ ва иттилоотӣ мерасонанд — ва амалан ҳамчун иштирокчиёни мустақими низоъ амал мекунанд — нигарон набошем", - гуфт сарвари давлат дар мулоқот бо хатмкунандагони академияҳои низомӣ.
Бундестаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Изҳоротит тунди Олмон дар бораи сулҳ дар Украина
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар гуна интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳадафи қонунии Русия табдил хоҳад ёфт.
Вазорат таъкид кардааст, ки кишварҳои узви НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Кремл таъкид намуд, ки пур кардани Украина бо силоҳ аз ҷониби Ғарб ба муваффақияти музокироти Русия ва Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ хоҳад дошт.
Лавров инчунин изҳор дошт, ки ИМА ва НАТО дар низои Украина мустақиман иштирок доранд — на танҳо тавассути интиқоли силоҳ, балки тавассути омӯзиши кадрҳо дар Британияи Кабир, Олмон, Итолиё ва дигар кишварҳо.
Лентаи хабарҳо
0