https://sputnik.tj/20260914/doro-najot-shoir-khalqi-tojikiston-darguzasht-1080403371.html
Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон даргузашт
Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Доро Наҷот аз пешсафони шеъри сапед дар Тоҷикистон буд. Муҳаққиқони эронӣ ӯро бунёнгузори шеъри мудерни тоҷикӣ унвон кардаанд
2026-09-14T10:41+0500
2026-09-14T10:41+0500
2026-09-14T11:39+0500
дар тоҷикистон
шоир
адибон
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/0e/1080404320_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_ae3eaf3ea79ab53559704143c96e575d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот дар синни 80 солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт.Дар бораи даргузашти шоири шинохта Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ додааст.Тавре наздикони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ доданд, намози ҷанозаи ӯ зуҳри имрӯз 14 сентябр дар Масҷиди калонтарини пойтахт доир шуда, қарор аст, ки дар оромгоҳи Лучоб, дар қатори дигар адибон дафн шавад.Доро Наҷот соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ дида ба ҷаҳон кушуд. "Соҳиби кӯҳсор" аввалин дафтари шеъри ӯст, ки дар соли 1979 ба чоп расид. Баъдан маҷмӯаҳои ашъори худро ба унвони "Шабнам" (с.1983), "Дарав" (с.1986), "Хирмани маҳтоб" (с.1989), "Тулӯъе дар ғуруб" (с.1998), "Дар он сӯи хобҳо" (с.2000), "Маҳтобе хамида дар рукӯъ" (с.2006). "Рӯйиш аз сукут" (с.2006), "Як кашкул ишқ" (с.2010) мунташир кард.Дар соли 1999 Ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода ва соли 2010 Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дарёфт намуд. Ду китоби ашъораш бо номҳои "Лашкаркаши ишқ (с.2005) ва "Дар кӯчаи Лайлӣ" (с.2009) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфт. Доро Наҷот низ ду асари таҳқиқӣ бо номҳои "Шайх Абулқосими Гургонӣ" (с.1999) ва "Ҳумои раҳмат"-ро ба чоп расонд. Фарҳангнигории Доро Наҷот низ дар рушди забону адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузошта, асари ӯ бо унвони "Фарҳанги Доро" (фарҳанги гузидаи тафсирии забони форсии тоҷикӣ) намунаи ин аст. Доро Наҷот аз пешсафони шеъри сапед дар Тоҷикистон буд. Муҳаққиқони эронӣ ӯро бунёнгузори шеъри мудерни тоҷикӣ унвон кардаанд.
https://sputnik.tj/20260715/munira-shahidi-darguzasht-1079004245.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/0e/1080404320_237:0:1677:1080_1920x0_80_0_0_7784eca3264e02cd01e65521d5a1473b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, шоир, адибон, даргузашт
дар тоҷикистон, шоир, адибон, даргузашт
Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон даргузашт
10:41 14.09.2026 (Навсозишуда: 11:39 14.09.2026) Доро Наҷот аз пешсафони шеъри сапед дар Тоҷикистон буд. Муҳаққиқони эронӣ ӯро бунёнгузори шеъри мудерни тоҷикӣ унвон кардаанд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот дар синни 80 солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт.
Дар бораи даргузашти шоири шинохта Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Тавре наздикони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ доданд, намози ҷанозаи ӯ зуҳри имрӯз 14 сентябр дар Масҷиди калонтарини пойтахт доир шуда, қарор аст, ки дар оромгоҳи Лучоб, дар қатори дигар адибон дафн шавад.
Доро Наҷот соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ дида ба ҷаҳон кушуд. "Соҳиби кӯҳсор" аввалин дафтари шеъри ӯст, ки дар соли 1979 ба чоп расид.
Баъдан маҷмӯаҳои ашъори худро ба унвони "Шабнам" (с.1983), "Дарав" (с.1986), "Хирмани маҳтоб" (с.1989), "Тулӯъе дар ғуруб" (с.1998), "Дар он сӯи хобҳо" (с.2000), "Маҳтобе хамида дар рукӯъ" (с.2006). "Рӯйиш аз сукут" (с.2006), "Як кашкул ишқ" (с.2010) мунташир кард.
Дар соли 1999 Ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода ва соли 2010 Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дарёфт намуд.
Ду китоби ашъораш бо номҳои "Лашкаркаши ишқ (с.2005) ва "Дар кӯчаи Лайлӣ" (с.2009) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфт.
Доро Наҷот низ ду асари таҳқиқӣ бо номҳои "Шайх Абулқосими Гургонӣ" (с.1999) ва "Ҳумои раҳмат"-ро ба чоп расонд.
Фарҳангнигории Доро Наҷот низ дар рушди забону адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузошта, асари ӯ бо унвони "Фарҳанги Доро" (фарҳанги гузидаи тафсирии забони форсии тоҷикӣ) намунаи ин аст.
Доро Наҷот аз пешсафони шеъри сапед дар Тоҷикистон буд. Муҳаққиқони эронӣ ӯро бунёнгузори шеъри мудерни тоҷикӣ унвон кардаанд.