https://sputnik.tj/20260715/munira-shahidi-darguzasht-1079004245.html
Мунира Шаҳидӣ духтари оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ даргузашт
Мунира Шаҳидӣ духтари оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Мунира Шаҳидӣ, духтари оҳангсози маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ ва олими тоҷик дар Маскав даргузашт
2026-07-15T18:46+0500
2026-07-15T18:46+0500
2026-07-15T18:46+0500
дар тоҷикистон
даргузашт
зиёдулло шаҳидӣ
духтар
олим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102138/41/1021384142_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_c58e44e7755e94b697338fa954b21313.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Мунира Шаҳидӣ, олими шинохтаи тоҷик, санъатшинос, тарҷумон ва роҳбари Бунёди байнулмилалии ба номи падараш, оҳангсози маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ дар 83-солагӣ дар Маскав даргузаштДар ин бора вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.Вазорат қайд кардааст, ки Мунира Шаҳидӣ ҳамчун муҳаққиқ ва ходими намоёни фарҳанг, тамоми умри хешро ба тарғиби мероси мусиқиву адабии тоҷик бахшида, саҳми ӯ дар рушди санъатшиносӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ҳамчун мероси арзишманд эътироф гардидааст.Вазорати фарҳанги кишвар ба фарзандон, пайвандон ва тамоми аҳли хонадони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намудааст.“Хотираи нек ва симои дурахшони Мунира Шаҳидӣ ҳамчун инсони шариф ва олим дар қалбҳои мо ҳамеша боқӣ хоҳад монд”, - таъкид кардааст вазорат.Ба иттилои наздикони Мунира Шаҳидӣ ӯ дар Маскав дар хонаи духтараш қарор дошт ва ногаҳон фишори хунаш боло рафт. Ёрии таъҷилиро даъват карданд, вале ба худ наомад. Даргузашт.Ба иттилои наздиконаш пайкари Мунира Шаҳидӣ базудӣ аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфта, маросими видоъ бо ӯ рӯзи 16-уми июн дар хона-музейи падараш, Зиёдулло Шаҳидӣ, баргузор хоҳад шуд.Мунира Шаҳидӣ Зиёдуллоевна 22 марти соли 1943 дар шаҳри Душанбе дар оилаи оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ба дунё омадааст.Вай сарвари Осорхонаи ҷумхуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ мебошад. Бо саъю кӯшиши хонум Мунира осорхонаи ҷумхуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ таъсис ёфтаанд, ки ҳадафи онҳо на фақат ҳифзи мероси эҷодии насли гузаштаи донишмандон ва аҳли ҳунар, балки бунёди равобити фарҳангии кишварҳои Шарқу Ғарб дар замони навини равобити фарҳангӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20260701/gharibsho-darguzasht-hunarmand-bakhtiyor-rahimov-1078709789.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102138/41/1021384142_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_fe1b17911def4dcf8e723f2b36065e1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, даргузашт, зиёдулло шаҳидӣ, духтар, олим
дар тоҷикистон, даргузашт, зиёдулло шаҳидӣ, духтар, олим
Мунира Шаҳидӣ духтари оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ даргузашт
Мунира Шаҳидӣ, духтари оҳангсози маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ ва олими тоҷик дар Маскав даргузашт
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Мунира Шаҳидӣ, олими шинохтаи тоҷик, санъатшинос, тарҷумон ва роҳбари Бунёди байнулмилалии ба номи падараш, оҳангсози маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ дар 83-солагӣ дар Маскав даргузашт
Дар ин бора вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Вазорат қайд кардааст, ки Мунира Шаҳидӣ ҳамчун муҳаққиқ ва ходими намоёни фарҳанг, тамоми умри хешро ба тарғиби мероси мусиқиву адабии тоҷик бахшида, саҳми ӯ дар рушди санъатшиносӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ҳамчун мероси арзишманд эътироф гардидааст.
Вазорати фарҳанги кишвар ба фарзандон, пайвандон ва тамоми аҳли хонадони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намудааст.
“Хотираи нек ва симои дурахшони Мунира Шаҳидӣ ҳамчун инсони шариф ва олим дар қалбҳои мо ҳамеша боқӣ хоҳад монд”, - таъкид кардааст вазорат.
Ба иттилои наздикони Мунира Шаҳидӣ ӯ дар Маскав дар хонаи духтараш қарор дошт ва ногаҳон фишори хунаш боло рафт. Ёрии таъҷилиро даъват карданд, вале ба худ наомад. Даргузашт.
Ба иттилои наздиконаш пайкари Мунира Шаҳидӣ базудӣ аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфта, маросими видоъ бо ӯ рӯзи 16-уми июн дар хона-музейи падараш, Зиёдулло Шаҳидӣ, баргузор хоҳад шуд.
Мунира Шаҳидӣ Зиёдуллоевна 22 марти соли 1943 дар шаҳри Душанбе дар оилаи оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ба дунё омадааст.
Вай сарвари Осорхонаи ҷумхуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ мебошад. Бо саъю кӯшиши хонум Мунира осорхонаи ҷумхуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ таъсис ёфтаанд, ки ҳадафи онҳо на фақат ҳифзи мероси эҷодии насли гузаштаи донишмандон ва аҳли ҳунар, балки бунёди равобити фарҳангии кишварҳои Шарқу Ғарб дар замони навини равобити фарҳангӣ мебошад.