Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: Русия амалиёти вижаро дар давраи музокирот бо Украина бознамедорад

© Sputnik / Сергей ГунеевМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2026
Обуна шудан
Ваири хориҷаи русия гуфт, ки кишвараш барои музокирот дар бораи Украина боз аст, аммо амалиёти вижаро қатъ намекунад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия амалиёти вижаи низомии худро дар давраи музокироти сулҳ бо Украина бознамедорад.
"Мо барои музокирот омодаем, аммо амалиёти вижаи низомиро дар давраи музокирот бознамедорем", гуфт вай дар ҳошияи нишасти БРИКС дар Деҳлӣ.
Лавров инчунин даъвати Владимир Зеленскийро ба Маскав як иқдоми беақлона номид.
Вай хотиррасон кард, ки раҳбари режими Киев манъи музокирот бо Владимир Путин ва дастаи ӯро бекор накардааст.
5 сентябр президенти Русия фиристодаи махсус Стив Уиткофф ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнерро дар Кремл қабул кард. Ин ҳаштумин сафари намояндагони Вашингтон ба Русия буд.
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев овозаҳо дар бораи омодагии Русия барои ҳамла ба Аврупоро шарҳ дод
Ба гуфтаи ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, Путин ба онҳо арзёбиҳои возеҳ ва ҳамаҷонибаи вазъият дар минтақаи амалиёти виаи низомӣ дод ва онҳо ваъда доданд, ки ин арзёбиҳоро дар муколама бо Киев риоя мекунанд.
Рӯзи дигар ҳарду ба пойтахти Украина сафар карданд ва 8 сентябр байни Владимир Путин ва Доналд Трамп сӯҳбати телефонӣ сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0