https://sputnik.tj/20260912/medvedev-ovozaho-omodagii-rusiya-hamla-avruporo-sharh-1080373399.html
Медведев овозаҳо дар бораи омодагии Русия барои ҳамла ба Аврупоро шарҳ дод
Медведев овозаҳо дар бораи омодагии Русия барои ҳамла ба Аврупоро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия овозаҳои омодагии кишвараш барои ҳамла ба Аврупоро шарҳз дода гуфт ин ҳамаш барои сафед кардани кумакҳоба Киев аст
2026-09-12T19:36+0500
2026-09-12T19:36+0500
2026-09-12T19:36+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
аврупо
низоъ
дмитрий медведев
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043199380_0:0:3047:1714_1920x0_80_0_0_f5b2e630aec8afb6d821fb463d8eb5b2.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, гуфт, изҳорот дар бораи омодагии эҳтимолии Русия барои ҳамла ба Аврупо барои сафед кардани кумак ба Киев ва ноил шудан ба шикасти геополитикии Русия равона шудаанд.Медведев рӯзи ҷумъа эълон кард, ки бо сафари корӣ аз Ноҳияи федералии шимолу ғарбӣ боздид кардааст."Мо нисбат ба Аврупо ҳадафҳои низомӣ надорем. Мо умуман аз ин фарзия бармеомадем, ки бо онҳо чизе барои мубодила надорем. Мо ҳамеша барои ҳамкории иқтисодӣ омода будем. Аммо ҳоло, он чизе ки онҳо мегӯянд - ки Русия ба Аврупо ҳамла карданӣ аст - маҳз барои чӣ равона шудааст? Барои сафед кардани кумак ба Украина ва аз тарафи дигар, барои ноил шудан ба он чизе, ки онҳо онро шикасти геополитикии Русия меноманд", - гуфт ӯ дар видеое, ки дар канали худ дар платформаи Max нашр шудааст.Медведев қайд кард, ки зиндагӣ дар кишварҳои Аврупо дар айни замон осон нест, аз ин рӯ таҳдиди эҳтимолии Русия барои шарҳ додани он сохта шудааст, ки чаро кишварҳои Аврупо миллиардҳо доллар ва евроро барои Украина сарф мекунанд.Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таҳдиди Русияро беҳтарин роҳи "пул ҷамъ кардан" барои идомаи низои Украина номид."Таҳдиди Русия беҳтарин роҳи пул ҷамъ кардан барои идомаи ҷанг аст", - гуфт Медведев.Сиёсатмадори рус қайд кард, ки Русия ҳеҷ ҳадафи низомӣ алайҳи Аврупо надорад.
https://sputnik.tj/20260910/medvedev-avrupoi-mavqei-rusiya-ukraina-tuf-1080316383.html
украина
аврупо
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043199380_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_e0da0b91905736fa8977894300b507c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, аврупо, низоъ, дмитрий медведев, русия
украина, амалиёти вижа, аврупо, низоъ, дмитрий медведев, русия
Медведев овозаҳо дар бораи омодагии Русия барои ҳамла ба Аврупоро шарҳ дод
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия овозаҳои омодагии кишвараш барои ҳамла ба Аврупоро шарҳз дода гуфт ин ҳамаш барои сафед кардани кумакҳоба Киев аст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, гуфт, изҳорот дар бораи омодагии эҳтимолии Русия барои ҳамла ба Аврупо барои сафед кардани кумак ба Киев ва ноил шудан ба шикасти геополитикии Русия равона шудаанд.
Медведев рӯзи ҷумъа эълон кард, ки бо сафари корӣ аз Ноҳияи федералии шимолу ғарбӣ боздид кардааст.
"Мо нисбат ба Аврупо ҳадафҳои низомӣ надорем. Мо умуман аз ин фарзия бармеомадем, ки бо онҳо чизе барои мубодила надорем. Мо ҳамеша барои ҳамкории иқтисодӣ омода будем. Аммо ҳоло, он чизе ки онҳо мегӯянд - ки Русия ба Аврупо ҳамла карданӣ аст - маҳз барои чӣ равона шудааст? Барои сафед кардани кумак ба Украина ва аз тарафи дигар, барои ноил шудан ба он чизе, ки онҳо онро шикасти геополитикии Русия меноманд", - гуфт ӯ дар видеое, ки дар канали худ дар платформаи Max нашр шудааст.
Медведев қайд кард, ки зиндагӣ дар кишварҳои Аврупо дар айни замон осон нест, аз ин рӯ таҳдиди эҳтимолии Русия барои шарҳ додани он сохта шудааст, ки чаро кишварҳои Аврупо миллиардҳо доллар ва евроро барои Украина сарф мекунанд.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таҳдиди Русияро беҳтарин роҳи "пул ҷамъ кардан" барои идомаи низои Украина номид.
"Таҳдиди Русия беҳтарин роҳи пул ҷамъ кардан барои идомаи ҷанг аст", - гуфт Медведев.
Сиёсатмадори рус қайд кард, ки Русия ҳеҷ ҳадафи низомӣ алайҳи Аврупо надорад.