Тоҷикистониён дигар номро барои фарзандонашон дар саҳифаи вижаи интернетӣ интихоб мекунанд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкЖенщина с ребенком на руках
Женщина с ребенком на руках  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2026
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон як сомонаи махсуси интернетӣ роҳандозӣ шудааст, ки он ба волидайн дар интихоби ном барои фарзандонашон кумак мекунад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон сомонаи махсус бо феҳристи номҳои миллӣ бо номи “Nomvar.t” роҳандозӣ шудааст.
Ин сомона ба волидайн кӯмак мекунад, ки ба фарзандашон пеш аз муроҷиат ба идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ном интихоб кунанд.
Феҳристи номҳо дар сомона бар асоси рӯйхати расмии Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон таҳия шудааст.
Дар сомона дар маҷмӯъ 3461 номи тоҷикӣ (2007 номи мардона ва 1454 номи занона) ҷамъоварӣ шудааст.
Дар сомона волидайн метавонанд ба роҳат номи дилхоҳ ҷустуҷӯ кунанд. Ин сомона ба волидон дар ёфтани номҳои маъмулии писандидаашон кӯмак мекунад.
Ин сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст.
Культурное мероприятие Мир Шахнаме в МГЛУ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2026
Эрон омодааст бо Тоҷикистон дар рушди омузиши алифбои ниёкон ҳамкорӣ кунад
Ин сомона аз сӯи мутахассиси IT Анӯшервон Салимов ва оилаи ӯ таҳия гардиддааст.
Таҳиякунандагони ин сомона таъкид мекунанд, ки лоиҳа ғайритиҷоратӣ аст ва барои содда кардани вазифаҳои ҳаррӯза барои оилаҳои тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар нигаронида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0