Эрон омодааст бо Тоҷикистон дар рушди омузиши алифбои ниёкон ҳамкорӣ кунад

© SputnikКультурное мероприятие "Мир Шахнаме" в МГЛУ.
Культурное мероприятие Мир Шахнаме в МГЛУ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2026
Обуна шудан
Бархе аз устодон ва пажуҳишгарони забон ва адабиёти форси Эрону Афғонистон аз ҷумлаи устодони донишгоҳи Таботабоии Эрон аз дастури раисҷумҳури Тоҷикистон истиқбол карданд
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Дар пайи эъломи сиёсати беҳтар кардани омӯзиши “Алифбои ниёкон” дар низоми маорифи Тоҷикистон бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, як гурӯҳ устодон, муҳаққиқон ва дӯстдорони забони форсӣ аз Эрон ва Афғонистон, аз ҷумла устодони Донишгоҳи Таботабоии Эрон ин тадбирро дар номае ҳамчун як қадами арзишманд дар ҳифзи мероси фарҳангӣ ва забонии муштараки миллатҳои форсизабон тавсиф карданд.
Дар нома гуфта мешавад, ки забони форсӣ мероси гаронбаҳо ва як зарфи арзишманд барои интиқоли фарҳанг, адабиёт ва маънавиёти муштараки мардуми минтақаи тамаддуни форсизабон аст ва таваҷҷӯҳ ба таълим ва тақвияти он метавонад ба рушди робитаҳои фарҳангӣ байни миллатҳои ин минтақа мусоидат кунад.
Доктор Ғуломризо Закиёнӣ, раиси донишкадаи адабиёти форсӣ ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи Таботабоӣ ва доктор Муҳаммад Ҷаъфар Ёҳақӣ, имзокунандагони ин нома, ба баъзе сиёсатҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон дар солҳои охир, аз ҷумла таъсиси "Анҷумани пайвастагии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон", тақдими нусхаҳои "Шоҳнома" ба оилаҳои тоҷик, таблиғи хондани "Шоҳнома" ва баргузории маросимҳои фарҳангӣ ишора карданд.
Онҳо ин тадбирҳоро нишонаи ӯҳдадории ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи фарҳанг ва адабиёти форсӣ донистанд.
Встреча Эмомали Рахмон и министра энергетики Исламской Республики Иран Аббаса Алиабади.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2026
Эрон омода аст, таҷрибаи худро дар соҳаҳои обу энергетика бо Тоҷикистон мубодила намояд
Дар идомаи ин нома, гурӯҳе аз устодон, донишҷӯён ва муҳаққиқон аз Эрон ва Афғонистон, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо донишмандону устодони Тоҷикистон дар соҳаи таълими хаттоти форсӣ эълон карданд.
Қайд карда шудааст, ки ҳамкорӣ дар ин самт метавонад бо ду роҳ амалӣ карда шавад.
“Рӯ ба рӯ ва онлайн ва ҳадафи он тақвияти таълими хатти форсӣ ва густариши ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ байни марказҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ дар кишварҳои форсизабон мебошад”, - қайд карда шудааст дар нома.
Дар охири ин нома изҳори умедворӣ карда шудааст, ки бо рушди таълим ва густариши хатти форсӣ, робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии дерина байни миллатҳои минтақа боз ҳам тақвият ёфта, замина барои рушди ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ дар тамоми соҳа фароҳам оварда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0