https://sputnik.tj/20260912/medvedev-rusiya-niyoz-ba-safarbsozii-ilovagi-nadorad-1080372980.html
Медведев: Русия ниёз ба сафарбсозии иловагӣ надорад
Медведев: Русия ниёз ба сафарбсозии иловагӣ надорад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, кишвараш бо шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба сафи артиш пайванданд шартномаҳо мебандад ва ба сафарбарсозӣ ниёз надорад
2026-09-12T16:01+0500
2026-09-12T16:01+0500
2026-09-12T16:01+0500
русия
амалиёти вижа
дмитрий медведев
сафарбарсозии нисбӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/16/1078482161_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_bd2449bee5c7d2942772a2878ef8db56.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия ба сафарбаркунӣ ниёз надорад, зеро суръати ҷалби сарбозони шартномавӣ аз интизориҳо ҳам баландтар аст."Ман метавонам бо итминони комил изҳор кунам: мо ба сафарбаркунӣ ниёз надорем, зеро суръати ҷалби сарбозони шартномавӣ маҳз дар доираи маҳдудиятҳо ва ҳатто баландтар аз он аст, ки мо барои аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ пешбинӣ карда будем", - гуфт ӯ дар видеое, ки дар платформаи Max нашр шуд.Медведев қайд кард, ки хабарҳо дар бораи зарурати эҳтимолии сафарбаркунӣ дар Русия дурӯғ, фиреб ва як иғвогарӣ мебошанд, ки танҳо барои хашмгин кардани аҳолии кишвар, бахусус дар арафаи интихоботи Думаи давлатӣ, пешбинӣ шудаанд.Вай гуфт, ки роҳбарияти Русия умуман нақшаи сафарбаркунӣ надорад.Медведев бори дигар таъкид кард, ки роҳбарияти кишвар ҳеҷ нақшае барои сафарбаркунӣ надорад.Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам гуфта буд, ки сафарбарсозии иловагӣ дар нақшаи ҳукумат нест ва ин хабарҳои дурӯз аз ҷониби Украина ва кишварҳои Ғарб паҳн мешаванд.
https://sputnik.tj/20260910/medvedev-avrupoi-mavqei-rusiya-ukraina-tuf-1080316383.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/16/1078482161_80:0:2811:2048_1920x0_80_0_0_815298c72d541e767c867007bbd970e0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, дмитрий медведев, сафарбарсозии нисбӣ, украина
русия, амалиёти вижа, дмитрий медведев, сафарбарсозии нисбӣ, украина
Медведев: Русия ниёз ба сафарбсозии иловагӣ надорад
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, кишвараш бо шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба сафи артиш пайванданд шартномаҳо мебандад ва ба сафарбарсозӣ ниёз надорад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия ба сафарбаркунӣ ниёз надорад, зеро суръати ҷалби сарбозони шартномавӣ аз интизориҳо ҳам баландтар аст.
"Ман метавонам бо итминони комил изҳор кунам: мо ба сафарбаркунӣ ниёз надорем, зеро суръати ҷалби сарбозони шартномавӣ маҳз дар доираи маҳдудиятҳо ва ҳатто баландтар аз он аст, ки мо барои аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ пешбинӣ карда будем", - гуфт ӯ дар видеое, ки дар платформаи Max нашр шуд.
Медведев қайд кард, ки хабарҳо дар бораи зарурати эҳтимолии сафарбаркунӣ дар Русия дурӯғ, фиреб ва як иғвогарӣ мебошанд, ки танҳо барои хашмгин кардани аҳолии кишвар, бахусус дар арафаи интихоботи Думаи давлатӣ, пешбинӣ шудаанд.
Вай гуфт, ки роҳбарияти Русия умуман нақшаи сафарбаркунӣ надорад.
Медведев бори дигар таъкид кард, ки роҳбарияти кишвар ҳеҷ нақшае барои сафарбаркунӣ надорад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам гуфта буд, ки сафарбарсозии иловагӣ дар нақшаи ҳукумат нест ва ин хабарҳои дурӯз аз ҷониби Украина ва кишварҳои Ғарб паҳн мешаванд.