Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Медведев: Аврупоиҳо ба мавқеи Русия дар мавриди Украина туф карданд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя Совета безопасности РФ, председатель партии "Единая Россия" Дмитрий Медведев.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ, председатель партии Единая Россия Дмитрий Медведев. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2026
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, аврупоиҳо мавқеи Русияро дар Украина нодида гирифтанд
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, гуфт, ки аврупоиҳо метавонистанд ҳангоми сар задани низоъи Украина рафтори дигар кунанд, аммо онҳо мавқеи Русияро нодида гирифтанд.
"Ба ман чунин менамуд, ки як қатор кишварҳо ва сиёсатмадороне, ки мо бо онҳо муносибатҳо барқарор кардем, ва бояд оқилтар мебуданд... Масалан, аврупоиҳо... Онҳо метавонистанд ҳангоми сар задани ин низоъ комилан дигар хел рафтор кунанд," - гуфт Медведев дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Ведомости".
Вай қайд кард, ки сухан дар бораи қабули мавқеъи Русия намеравад ва аврупоиҳо метавонистанд танҳо вазъият, нигарониҳои Русия ва сабабҳои норозигӣ аз пайвастани ин ё он кишвар ба НАТО-ро арзёбӣ кунанд.
"Ин як чизи хеле оддӣ аст... Чаро мо бояд аз омадани НАТО шод шавем? Ҳама инро мефаҳманд. Аммо онҳо мавқеи моро нодида гирифтанд," - қайд кард Медведев.
Брифинг официального представителя Министерства иностранных дел России Марии Захаровой/ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия изҳор дошт, ки сарпарастони Украина дар ҳамлаҳои террористии Киев шарик хоҳанд буд
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия ба қатъи ҳарчӣ зудтари низоъ дар Украина манфиатдор аст, вале он бояд бо шартҳои Маскав хотима ёбад.
"Албатта, ҳамаи мо ба қатъи зудтари низоъ манфиатдорем. Он бояд бо шартҳои мо хотима ёбад, то аз эҳтимолияти ба низоъи ҷаҳонӣ табдил ёфтани низои оянда пешгирӣ карда шавад", - гуфт Медведев.
Лентаи хабарҳо
0