Тоҷикистонро дар Бозиҳои XX Осиёӣ 107 варзишгар муаррифӣ меккунад

© Foto / Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ТоҷикистонВарзишгарони тоҷик ки дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок мекунанд
Варзишгарони тоҷик ки дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок мекунанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2026
Обуна шудан
Аз 19 сентябр то 4 октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Айчи ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX Осиёӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар Бозиҳои XX Осиёии имсола аз Тоҷикистон 187 нафар иштирок менамоянд, ки 107 нафар варзишгар ва 80 нафар масъулину мураббиён мебошанд.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, ахиран маросими гусели ҳайати варзишии мамлакат ба Бозиҳои Осиёӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар ин маросим иброз дошт, ки баромади ҳар варзишгар дар чунин мусобиқаҳо на танҳо майдони намоиши маҳорати касбӣ, балки василаи муаррифии Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ варзишгар дар риштаи бокс Миҷгона Самадова парчамбардори ҳайати мунтахаби Тоҷикистон интихоб гардид.
Товарищеский матч Таджикистан - Россия. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Федератсияи футболи Тоҷикистон: омодаем бо мунтахаби Русия бозии дӯстона баргузор намоем
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёӣ дар ҳар чаҳор сол як маротиба баргузор мегарданд.
Дар охирин мусобиқа- соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷудочиёни тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81 кг ) медали тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Лентаи хабарҳо
0