https://sputnik.tj/20260909/federatsiyai-futboli-tojikiston-muntakhabi-rusiya-bozii-dustona-1080275590.html
Федератсияи футболи Тоҷикистон: омодаем бо мунтахаби Русия бозии дӯстона баргузор намоем
Федератсияи футболи Тоҷикистон: омодаем бо мунтахаби Русия бозии дӯстона баргузор намоем
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, ки бо Иттиҳодияи футболи Русия ҳамкории хуб доранд ва ҳамеша дар тамос ҳастанд
2026-09-09T10:41+0500
2026-09-09T10:41+0500
2026-09-09T10:41+0500
дар тоҷикистон
русия
ффт
бозии дӯстона
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064626576_0:84:3012:1778_1920x0_80_0_0_11317393a2d85467f7b55dec1ec89642.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Искандар Ҷалилов, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи бозии эҳтимолӣ бо мунтахаби Русия изҳори назар кард.Вай гуфт, ҳарду ҷониб тамос доранд ва инфрасохтори ҷумҳурӣ барои мизбонии чунин бозиҳо омода аст.“Байни федератсияҳои ду кишвар муносибатҳои созанда инкишоф ёфтаанд. Намояндагони созмонҳо мунтазам паёмҳо мубодила мекунанд ва пешрафти якдигарро назорат мекунанд”, - гуфт Искандар Ҷалилов.Оқои Ҷалилов илова кардл, ки ФФТ бо Иттиҳодияи футболи Русия муносибати хуб доранд.Мо аксар вақт ба якдигар дархостҳо мефиристем ва якдигарро барои муваффақиятҳо табрик мегӯем. Ҳоло дар бораи бозӣ сӯҳбат кардан барвақт аст. Аммо ман мутмаинам, ки ҳарду ҷониб инро баррасӣ мекунанд. Ғайр аз ин, мо ҳоло метавонем ҳама гуна дастаҳо ва клубҳои миллиро дар варзишгоҳи нав қабул кунем. Хоҳиши ташкили бозӣ байни дастаҳои миллии мо вуҷуд дорад”, - гуфт ӯ.Масъалаи ташкили бозиҳои дӯстона барои Иттиҳодияи футболи Русия, ки дар пасманзари маҳрум шудан аз мусобиқаҳои ФИФА ва УЕФА ҷустуҷӯи рақибонро идома медиҳад, то ҳол муҳим аст.Қаблан дар расонаҳо хабарҳо дар бораи ҳамкории эҳтимолии мураббӣ Леонид Слутский ва мунтахаби футболи Тоҷикистон пайдо шуда буданд.Бозии аввалини дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Русия рӯзи 17 ноябри соли 2022дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.
https://sputnik.tj/20260905/slutskiy-omoda-sarmurabbi-timi-muntakhabi-futboli-tojikiston-1080199830.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064626576_102:0:2831:2047_1920x0_80_0_0_c214fb07f35abe16cf7f1f92ed8cd1a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ффт, бозии дӯстона, футбол, навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон, русия, ффт, бозии дӯстона, футбол, навигариҳои варзиши тоҷикистон
Федератсияи футболи Тоҷикистон: омодаем бо мунтахаби Русия бозии дӯстона баргузор намоем
Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, ки бо Иттиҳодияи футболи Русия ҳамкории хуб доранд ва ҳамеша дар тамос ҳастанд
ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Искандар Ҷалилов, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи бозии эҳтимолӣ бо мунтахаби Русия изҳори назар кард.
Вай гуфт, ҳарду ҷониб тамос доранд ва инфрасохтори ҷумҳурӣ барои мизбонии чунин бозиҳо омода аст.
“Байни федератсияҳои ду кишвар муносибатҳои созанда инкишоф ёфтаанд. Намояндагони созмонҳо мунтазам паёмҳо мубодила мекунанд ва пешрафти якдигарро назорат мекунанд”, - гуфт Искандар Ҷалилов.
Оқои Ҷалилов илова кардл, ки ФФТ бо Иттиҳодияи футболи Русия муносибати хуб доранд.
Мо аксар вақт ба якдигар дархостҳо мефиристем ва якдигарро барои муваффақиятҳо табрик мегӯем. Ҳоло дар бораи бозӣ сӯҳбат кардан барвақт аст. Аммо ман мутмаинам, ки ҳарду ҷониб инро баррасӣ мекунанд. Ғайр аз ин, мо ҳоло метавонем ҳама гуна дастаҳо ва клубҳои миллиро дар варзишгоҳи нав қабул кунем. Хоҳиши ташкили бозӣ байни дастаҳои миллии мо вуҷуд дорад”, - гуфт ӯ.
Масъалаи ташкили бозиҳои дӯстона барои Иттиҳодияи футболи Русия, ки дар пасманзари маҳрум шудан аз мусобиқаҳои ФИФА ва УЕФА ҷустуҷӯи рақибонро идома медиҳад, то ҳол муҳим аст.
Қаблан дар расонаҳо хабарҳо дар бораи ҳамкории эҳтимолии мураббӣ Леонид Слутский ва мунтахаби футболи Тоҷикистон пайдо шуда буданд.
Бозии аввалини дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Русия рӯзи 17 ноябри соли 2022дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.