Нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ дар Ашт ва Ҷайхун то моҳи ноябр ба истифода дода мешавад

© Foto / Министерство энергетики и водных ресурсов ТаджикистанаСолнечная электростанция в Аштском районе.
Солнечная электростанция в Аштском районе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2026
Обуна шудан
Аз замони истиқлолият, дар Тоҷикистон 36 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ амалӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун ду неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт то моҳи ноябри соли раовн ба истифода дода мешавад.
Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросиме, ки дар театри миллӣ ба муносибати 35-умин солгарди истиқлолият баргузор шуд, хабар дод.
Вай қайд кард, ки ин дар даврони истиқлол барои рушди соҳаи энергетика 36 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 30 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 20 лоиҳаи дигар ба маблағи 23 миллиард сомонӣ идома дорад.
Вай гуфт, бо бунёди хати баландшиддати "Ҷануб – Шимол" ва зеристгоҳҳои пуриқтидор тамоми қаламрави мамлакат ба як шабакаи воҳиди энергетикӣ муттаҳид карда шуд.
“Дар ин давра 300 неругоҳи хурду бузурги барқи обӣ, Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе – 2" ва неругоҳҳои офтобӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, неругоҳҳои барқи обии "Сангтӯда – 1" ва "Сангтӯда – 2" мутаносибан ба маблағи 8,5 миллиард ва 3,2 миллиард сомонӣ бунёд гардиданд, ки дар натиҷа беш аз 2300 мегаватт иқтидори нави энергетикӣ ба кор андохта, иқтидори умумии энергетикии мамлакат ба 6700 мегаватт расид”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Строительство Рогунской ГЭС.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2026
Раҳмон гуфт кай чархаи 4-и неругоҳи "Роғун" ба истифода дода мешавад
Вай афзуд, ки дар баробари бунёди иқтидори нав таҷдиду навсозии ҳама неругоҳҳои барқи обии амалкунанда зина ба зина ба роҳ монда шуд.
“Неругоҳи барқи обии "Қайроққум" ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, корҳои таҷдиди пурраи неругоҳи "Норак" дар ду марҳала ба маблағи 6,6 миллиард сомонӣ ва неругоҳи "Сарбанд" ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ идома доранд”, гуфт раҳбари кишвар.
Вай илова кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба бунёди неругоҳҳои нав – "Сангтӯда – 1", "Сангтӯда – 2" ва "Маркази барқу гармидиҳии Душанбе", инчунин таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда беш аз 22 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0