Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

“Бозиҳо хотима ёфтанд”: Ҳушдори Лавров Ғарбро нигарон кард

© Sputnik / Пелагия Тихонова / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2026
Обуна шудан
Коршиноси низомии амрикоӣ гуфт, ки Сергей Лавров ба раҳбарони аврупоӣ ҳушдор дод ва суханони Путинро ба ёд овард
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба раҳбарони аврупоӣ дар бораи сиёсати хашмгинонаи онҳо ҳушдор дод, гуфт афсари бознишастаи ИМА Скотт Риттер.
Вай дар посух ба суханони Лавров дар мусоҳиба бо барномаи "Бозии бузург"-и канали якум гуфт, ки Ғарб бояд суханони Владимир Путинро дар хотир дошта бошад: агар ба Русия ҳамла карда шавад, "ҷанг комилан дигар ва хеле кӯтоҳ хоҳад буд".
"Ин як навъ огоҳи ба Аврупо аст, ки дар он одамоне ба монанди Мертс садри аъзами Олмон - ошкоро хоҳиши худро барои таъмини Украина бо силоҳҳои дурпарвоз эълон мекунанд", - гуфт Риттер дар YouTube.
Ба гуфтаи таҳлилгар, вазири корҳои хориҷии Русия бо ин роҳ аз Ғарб даъват мекунад, ки аз амалҳои беандеша алайҳи Маскав худдорӣ кунанд. "Лавров маҳз ҳаминро дар назар дорад. Агар онҳо (раҳбарони аврупоӣ) ҳатто як сония фикр кунанд, ки метавонанд ҳама чизро кунанд, бозӣ ба охир мерасад", - хулоса кард Риттер.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ, председатель партии Единая Россия Дмитрий Медведев. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: Аврупоиҳо ба мавқеи Русия дар мавриди Украина туф карданд
Президент Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия қасди ҳамла ба ҳеҷ кишвареро надорад. Ба гуфтаи вай, сиёсатмадорони ғарбӣ мунтазам аҳолии худро бо таҳдидҳои хаёлӣ метарсонанд, то таваҷҷӯҳро аз мушкилоти дохилӣ парешон кунанд.
Лентаи хабарҳо
0