Бунёди ОПЕК барои бозсозии роҳи Рӯшон-Варшез ба Тоҷикистон 30 миллион доллар медиҳад

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкРеконструкция трассы, архивное фото
Реконструкция трассы, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2026
Обуна шудан
Бунёди ОПЕК мегӯяд бо бозсозии роҳи Рӯшон-Варшез зиндагии тақрибан 217 ҳазор нафар осон мегардад
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бунёди рушди байналмилалии ОПЕК барои марҳилаи аввали бозсозӣ ва барқарорсозии роҳи Рӯшон-Варшез ба Тоҷикистон 30 миллион доллар медиҳад, хабар медиҳад сомонаи Бунёд.
Ҷонибҳо созишномаи қарзии дахлдорро зимни сафари президенти Бунёди ОПЕК Абдулҳамид Алхалифа ба Тоҷикистон имзо карданд.
Лоиҳа бозсозӣ ва навсозии 82,2-километри долони нақлиётии Рӯшон-Варшезро дар бар мегирад, ки дарозии он 235 километр аст. Ин роҳ қисми масири Душанбе-Қулма-сарҳади Чин ва шоҳроҳи Осиёи AH66 мебошад.
Интизор меравад, ки ин лоиҳа бехатарии роҳро беҳтар кунад, вақти сафарро кам кунад ва робитаҳои нақлиётии боэътимодро байни минтақаҳои марказӣ ва шарқии Тоҷикистон таъмин намояд.
Ин роҳ барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон (ВМКБ) аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Тибқи иттилои Бунёди ОПЕК, тақрибан 217 ҳазор нафар сокинони беш аз 370 маҳаллаи аҳолинишин аз ин масир барои расонидани молу коло, рафтуомад ба бемористон, макотиб ва бозорҳо истифода мебаранд.
Тақрибан 25 ҳазор нафар аз ин лоиҳа мустақиман баҳра хоҳанд бурд.
На строительстве трассы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2023
Оғози таъмири роҳи Ховалинг - Шугнов
"Созишномаи чаҳорчӯбаи шарикӣ як марҳилаи муҳим дар ҳамкории деринаи мо бо Тоҷикистон буда, садоқати муштараки моро ба рушди устувор ва тақвияти робитаҳои минтақавӣ инъикос мекунад", - гуфт Алхалифа.
Ҳамзамон, Бунёди ОПЕК ва Тоҷикистон аввалин тавофуқномаи шарикиро барои солҳои 2026-2028 имзо карданд.
Дар ин ҳуҷҷат самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, инчунин рушди робитаҳои нақлиётии минтақавӣ муайян шудаанд.
Дар давоми сафар Алхалифа бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода мулоқот кард. Ҷонибҳо афзалиятҳои рушди кишвар ва имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусиро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, онҳо дастгирии доимии Бунёди ОПЕК-ро барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, инчунин ҳамкории имконпазир дар соҳаи захираҳои об ва самаранокии энергия баррасӣ карданд.
Бунёди рушди байналмилалии ОПЕК соли 1976 таъсис ёфтааст. Ин созмон ба кишварҳои ғайри узв маблағгузорӣ мекунад ва бо кишварҳои рӯ ба инкишоф ва муассисаҳои байналмилалии рушд ҳамкорӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0