Матвиенко: муоширати вакилони парлумони Русияву Тоҷикистон ба равобит саҳм мегузорад

© Sputnik / Пресс-служба Совета Федерации РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2026
Обуна шудан
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия ба ҳамтоёни тоҷики худ фаъолияти муваффакият ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу оромӣ орзу намуд
ДУШАНБЕ, 10 сент - Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси Олиро бо 35-умин солгарди истиқлолияти кишвар табрик гуфт.
Хонум Матвиенко дар паёмаш гуфт, ки дар тӯли солҳои рушди соҳибихтиёрӣ, Тоҷикистон ислоҳоти бузурги конститутсионӣ, инчунин тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодиро амалӣ кардааст.
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия таъкид кард, ки ислоҳоти ҷорӣ пешрафти боэътимоди ҷумҳуриро таъмин мекунанд.
Матвиенко қайд кард, ки ҳамкории байни парлумони Русия ва Тоҷикистон ба таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқи байни ду кишвар саҳми назаррас мегузорад.
Вай қайд кард, ки кори муштараки қонунгузорон ба онҳо имкон медиҳад, ки дар ҳамкории зич ба чолишҳо ва таҳдидҳои ҷорӣ посухҳои муассир диҳанд.
Министр обороны РФ Андрей Белоусов. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Белоусов: Русия саҳми Тоҷикистонро дар таҳкими амният баланд арзёбӣ мекунад
Раиси Шӯрои Федератсия омодагии сенаторҳои русро барои муколамаи пурмазмун бо ҳамкорони тоҷики худ ва ӯҳдадории онҳоро барои густариши робитаҳои корӣ тасдиқ кард.
Вай баррасии масъалаҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, инчунин рушди муносибатҳои байниминтақавиро ҳамчун авлавиятҳо номид.
Лентаи хабарҳо
0