Белоусов: Русия саҳми Тоҷикистонро дар таҳкими амният баланд арзёбӣ мекунад

© Sputnik / Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Андрей Белоусов.
Министр обороны РФ Андрей Белоусов. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Обуна шудан
Вай бовар дорад, ки имрӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷиистон дар таъмини суботу амният нақши муҳим дорад
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Русия саҳми Тоҷикистонро дар таҳкими амнияти минтақавӣ ва дастаҷамъӣ баланд арзёбӣ мекунад.
Дар ин бора вазири дифоъи Русия Андрей Белоусов дар зиёфати расмӣ ба муносибати 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки кишвар дар тӯли солҳои охир роҳи тӯлониро тай карда, қавӣ ва мустақил шудааст ва дар таъмини субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад.
"Мардумони моро гузаштаи бузурги қаҳрамононаи низомӣ ва таърихи бузурги низомӣ ба ҳам мепайвандад. Барои мо, Тоҷикистон на танҳо як кишвари бародарӣ аст. Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафоқати моро абадан пойдор кард", - гуфт Белоусов.
Вазир таъкид кард, ки ҳамкориҳои зичи дифоӣ байни ду кишвар барқарор шудаанд ва ҳамчун мисол пойгоҳи низомии Русияро дар ҷумҳурӣ, ки барои мубориза бо таҳдидҳои беруна омода аст, зикр кард.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон табрик гуфт
Белоусов изҳори итминон кард, ки муносибатҳои иттифоқии кишварҳо минбаъд низ ҳамчун пояи боэътимоди сулҳ ва амният дар Осиёи Марказӣ тақвият хоҳанд ёфт.
"Тоҷикистон шарики стратегии Русия буд ва хоҳад монд", гуфт Белоусов.
Раҳбари Вазорати дифоъ инчунин ҷумҳурӣро бо солгарди ин рӯйдоди муҳими таърихӣ табрик гуфт.
Лентаи хабарҳо
0