Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар тӯли 10 сол се маротиба афзоиш ёфт

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон, дар тӯли 10 соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 3,4 маротиба афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон (ММД) дар тӯли 10 сол се маротиба афзоиш ёфта, ба 81,7 миллиард сомонӣ (8,8 миллиард доллар) расидааст, иттилоъ додаанд расонаҳои маҳалӣ.
Ба иттилои расонаҳо дар соли 1991 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1,41 миллион долларро ташкил медод.
Дар шаш моҳи аввали соли равон бошад ин рақам ба қариб 8,8 миллиард доллар расидааст.
"Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар тӯли 10 соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,4 маротиба афзоиш ёфтааст ва иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,6% дар як сол афзоиш ёфтааст", - расонаҳо аз суханони президентӣиқтибос овардаанд.
Иқтисоддонҳо тахмин мезананд, ки то соли 2030, пас аз татбиқи Барномаи рушди миёнамуҳлати Тоҷикистон, кишвар қодир аст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии худро 1,8 маротиба афзоиш диҳад ва ба 34,2 миллиард доллар расонад.
Заседание Совета глав государств ШОС в Бишкеке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
Раҳмон хостори тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои узви СҲШ дар бахшҳои амнияту иқтисод шуд
Тибқи маълумоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), дар семоҳаи аввали соли 2026 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои ИДМ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 8% афзоиш ёфтааст.
Суръати баландтарини афзоишро дар байни кишварҳо Қирғизистон (10,1%), Ӯзбекистон (8,7%) ва Тоҷикистон (8%) нишон доданд.
Лентаи хабарҳо
0