Раҳмон хостори тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои узви СҲШ дар бахшҳои амнияту иқтисод шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗаседание Совета глав государств ШОС в Бишкеке.
Заседание Совета глав государств ШОС в Бишкеке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони СҲШ аз шиддат гирифтани зиддиятҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, афзоиши таҳдидҳои терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар мушкилоти кунунӣ ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли Созмони ҳамкории Шанхай: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак” иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Хадамот раисҷумҳур дар суханрониаш аз шиддат гирифтани зиддиятҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, афзоиши таҳдидҳои терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар мушкилоти кунунӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки таъмини амният дар ин авзоъ корбурдҳои бештар муассирро тақозо менамояд.
“Дар фурсатҳои наздиктарин фаъол гардондани кори Маркази зидди маводи нашъадор ва Маркази универсиалии мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ метавонад аз ҷумлаи табдирҳои муштараки муассир дар ин самт бошад”, - изҳор доштраисҷумҳури кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ҳал намудани ҳамаи низоъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ховари Миёна ва атрофи Эронро, таъкид намуд.
Кишвардори Тоҷикистон алоқамандии устувори ҷумҳуриро ба пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот таъкид дошта, ба сарони давлатҳои шарик барои дастгирии ташаббуси Тоҷиктистон дар эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” арзи сипос намуд.
Мулоқот бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
Раҳмон дар Қирғизистон бо Гутерриш ва Пашинян чиро баррасӣ кард?
Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи созмонро аз авлавиятҳои дигар номида, зарур донистанд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёту транзит ва кишоварзӣ такони бештар дода шавад.
Гуфта шуд, ки густариши иқтисоди рақамӣ, навоварӣ ва технологияҳои баланд, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ба рушди дарозмуддат мусоид мекунад.
Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки бо назардошти танишҳо дар бозорҳои энергетикии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, даъват кард, ки ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи энергетикаи анъанавӣ ва пешбурди лоиҳаҳои гузариш ба неруи “сабз” тақвият дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки таъсиси минтақаҳои рушди иқтисодӣ ва Платформаи минтақавии рақамии агроэкологӣ дар минтақаи СҲШ омӯхта шавад.
Ҳамчунин ӯ аз пешрафт дар таъсиси Бонки рушди СҲШ истиқбол кард.
Президенти Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешгирии вайроншавии замин ва таъмини амнияти экологиро дар шароити имрӯза аз ҳадафҳои стратегии рушди устувор номид.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2026
Раҳмон бо Пизишкиён авзоъ дар Ховари Миёнаву Эронро баррасӣ кард
Раҳбари Тоҷикистон изҳори умед намуд, ки ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар ин самтҳо минбаъд низ мавриди дастгирӣ қарор хоҳанд гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар охир Покистонро барои қабули раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳният гуфта, ҷонибдории худро аз иқдоми эълони шаҳри Лоҳур чун пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2026-2027 изҳор намуд.
Лентаи хабарҳо
0